Азизов У.А. Фаъолияти қонунгузорӣ: паҳлӯҳои назариявӣ ва амалӣ. Воситаи таълимӣ. Душанбе – 2015. 207с.
Боиси қаноатмандӣ ва изҳори хушнудист, ки китоби тозанашри дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Азизов Убайдулло Абдуллоевич бо номи «Фаъолияти қонунгузорӣ: паҳлӯҳои назариявӣ ва амалӣ» ба тозагӣ дастраси хонандагон ва доираи васеи шавқмандон гардид. Васоити таълимии мазкур натиҷаи таҳқиқу пажуҳиши чандинсолаи муаллиф буда, бо дастрасии сарчашмаҳои мӯътамади таърихӣ, адабиётҳои нодиртарини илмӣ, дастовардҳои муосири таълимию методӣ ва истифодаи васеи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иншо шудааст. Дар асари мазкур аз нигоҳи муаллиф паҳлӯҳои мухталифи заминаҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи фаъолияти қонунгузорӣ, ҳамзамон проблемаҳои назариявӣ ва амалии он ба риштаи таҳлил кашида шудаанд.
Дар маҷмӯъ хонандаи соҳибзавқ имкони муносиб пайдо менамояд, ки ба тавассути мутолиаи ин асари пурарзиш оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти қонунгузорӣ ва ташаккули ин падида аз замони таъсиси Тоҷикистони Шуравӣ то ба имрӯз иттилооти фаровонро ба даст биёрад. Воситаи таълимии мазкур зери назари Академики АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Тоҳиров Ф.Т. рӯйи чоп омада, он дар маҷмӯъ 8-мавзӯъ, тавсияҳои методӣ оид ба омӯзиши фан ва номгӯи қонунгузориро дар худ муттаҳид намудааст.
Натиҷаи таҳлилу омӯзиши рисола далели равшании он аст, ки муаллифи асар зимни таълифи мавзӯъҳо аз сабку услуби хоси эҷодӣ кор гирифта, хулосабарориҳои худро мантиқан ҷамъбаст намудааст. Умед дорем, ки асари тозанашри олими ҷавону умедбахш Убайдулло Азизов дар самти боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии донишҷуёну хонандагон ва мардуми шарифи Тоҷикистон хизмати арзандаву шоистаеро анҷом хоҳад дод. Ба муаллиф дар самти эҷоди асарҳои нав ба нави аҳамияти калони илмӣ, таълимӣ ва тарбиявидошта бурдбориҳоро орзумандем.