Имрӯз дар толори марказии бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори оғози соли таҳсили 2015-2016 бо иштироки доираи васеи донишҷӯён, устодон, кормандони донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур ҳамзамон намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Ф.М. иштирок доштанд. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Имомзода М.С. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати оғози соли таҳсили 2015-2016 муборакбод намуд. Аз ҷумла зимни баромади хеш ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун аз муассисаҳои бонуфузтарини илмӣ-таълимии кишвар дар самти омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ бо дарки масъулияти баланд барои пешрафти соҳаҳои алоҳидаи халқи мамлакат хизматҳои арзандаву шоистаеро анҷом дода истодааст. Сипас ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Ф.М. аҳли нишастро ба ифтихори оғози соли таҳсил аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба устодону кормандон ва донишҷӯёни ин муассисаи бонуфузи илмиву таълимии кишвар бурдбориҳоро таманно намуд. Ҳамзамон дар кори ҷамъомади тантанавӣ намояндагони устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ низ бо паёми табрикӣ баромад намуданд.