Қоидаи қабул ба магистратура

   Шакли таҳсид дар магистратураи факултети ҳуқуқшиносӣ рӯзона ва шартномавӣ мебошад.

   Таҳсил дар  магистратура  дар «Низомномаи магистратура», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30 декабри соли  2007  № 650 тасдиқ гардидааст ба танзим дароварда мешавад.

    Қабули ҳуччатҳои дохилшавӣ ба магистратура дар бахши таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.


 Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро бояд супоранд:

  1. Ариза ба номи ректори ДМТ;
  2. Реферат;
  3. Диплом (нусхаи аслаш);
  4. Замима ба диплом (вкладыш к диплому);
  5. Нусхаи шиноснома;
  6. 4 дона расми 3х4;
  7. Нусхаи шартнома ва квитансия оиди супоридани маблағи он;
  8. Маълумотномаи тиббӣ (шакли № 086-У).