Садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои пайвастагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар баробари забони давлатӣ ҳатман аз худ кардани лоақал ду забони дигари хориҷӣ, дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Ба ин хотир масъалаи аз худ кардани забонҳои хориҷӣ (пеш аз ҳама дар назар дошта мешавад забонҳои русӣ ва англисӣ) яке аз мавзуҳои марказии «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»-ро ташкил медиҳад. Зимни як нишасти илмӣ рӯзи 15.04.2015 ахиран мазмуну моҳият ва аҳамияту зарурияти ҷиддан пайгирӣ кардани масъала аз ҷониби декани факултет, муҳтарам Насурдинов Э.С. ба доираи васеи омӯзгорон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Бо назардошти беш аз пеш эҳсос шудани таъсирҳои раванди ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии минтақавӣ, ҳимоя карда тавонистани манфиатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамзамон ҳалли мусбии баҳсҳои ҳукуқӣ ба манфиати Ватани маҳбубамон, зарурати омода кардани ҳуқуқшиносони сатҳи байналмилалӣ руйи кор омадааст. Яқин аст, ки ҳалли ниҳоии масъала бе донистани забонҳои хориҷӣ имконнопазир аст. Бо назардошти ҳолати ҷойдошта садорати факултет тасмим гирифтааст, ки омузиши забони англисро пеш аз ҳама миёни омӯзгорони факултет ҷоннок намояд. Ба ин хотир дар мувофиқа бо Раёсати ДМТ устодони кафедраи забонҳои хориҷии факултет вазифадор шудаанд, ки ҳафтае се маротиба машғулиятҳои омузиширо миёни устодон ба роҳ монанд. Меҳнати онҳо аз ҳисоби буҷаи Донишгоҳ маблағгузорӣ карда мешавад. Мавриди зикри хос аст, ки омузиши забони англисӣ ба таври ҳатмӣ роҳандозӣ шуда давомнокии он 2-моҳро фаро мегирад. Аз ин рӯ, ба кулли ҳайати профессорону-омӯзгорони кафедраҳои тахассусии факултет дастур дода мешавад, ки имкони ба таври ройгон аз худ кардани забони англисиро самаранок истифода намоянд. Ҳамзамон масъалаи донистан ва кушишҳои аз худ кардани дигар забонҳои хориҷӣ низ (назири забонҳои олмонӣ, хитоӣ, арабӣ ва д.) нек пазироӣ карда мешавад. Бо назардошти муҳимияти масъала ба мудирони кафедра дастур дода мешавад, ки масъалаи мазкурро мавриди назорати доимӣ ва ҷиддӣ қарор дода, иштироки ҳатмии омузгорони кафедраҳои худро бо назардошти ҷадвали дарсҳои мувофиқашуда таъмин намоянд. Зимнан бояд мудирони кафедра дар назар дошта бошанд, ки баргузории машғулиятҳои забономузӣ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд раванди муътадили дарсҳоро халалдор намоянд. Мо умед дорем, ки азму нияти самимӣ ва иродаи устувору қавӣ, Шумо омӯзгорони муҳтарами факултетро дар маҷмӯъ дар самти аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастболо хоҳад кард.