Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вохӯрии навбатии сарпарасти Донишгоҳ аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Қурбонов бо донишҷӯёни курсҳои чоруми факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми таълиму тарбия ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, риояи қатъии меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, саҳмгузорӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз омилҳои хавфнок таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки донишҷӯён ҳамчун кадрҳои ояндаи соҳа бояд дар фаъолияти илмӣ, таҳкимбахшии тарбияи шаҳрвандӣ, иштирок дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолона ширкат варзанд. Тақвияти ҳисси ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иштироки масъулиятнок дар ҳаёти ҷомеа аз дигар самтҳои муҳими суҳбат ба шумор мерафт.
Зимнан, садорати факултет доир ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии факултет, инчунин, раванди татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар самти таҳким ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии ҷавонон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Ин вохӯрӣ ба донишҷӯён имкони бештар фароҳам овард, то дар бораи масъалаҳои амният, тарбия, зиракии сиёсӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими суботи ҷомеа маълумоти муфассал ба даст оранд ва мавқеи хешро ҳамчун мутахассисони оянда дар ин соҳа аниқтар муайян намоянд.


