09/12/2015с.
Имрӯз зимни иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид.
Қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров – Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон қабули қонуни мазкурро таърихӣ ва онро ба манфиати ҷомеа номида, иброз дошт, ки он сабаби муттаҳидии мардум мегардад. Ў гуфт, ки таҷрибаи эътирофи роҳбарон ва пешвоёни миллат дар кишварҳои дигари дунё низ вуҷуд дошта, аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳояш хеҷ осеб надидааст. «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва ватани мо хизмати бузург кардааст. Ў ба ин эҳтиёҷ надорад, балки мардум ба ҳифзи ин дастовардҳо ниёз доранд», – иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Қайд кардан зарур аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» арҷ гузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Дар робита ба ин масъала ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабари мазкурро нек дарёфта, қабули ин қонунро барои рушду инкишофи минбаъадаи давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шароити зиндагии арзанда ва ҳаёти пурнишоти мардуми сарбаланду куҳанбунёд ва тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик амри воқеӣ ва иқдоми сарвиқтӣ меҳисобанд.