Самти таълим – тарбия устодро бас мушкил аст,
Лек шавқу завқ бошад, гӯ: бароям таътил аст.
Пешаи омӯзгорӣ поя дорад дар ҳавас,
Пойдевор устувору хона аз хишту гил аст.
Такмили дониш, ҷаҳонбинӣ муқаддас дон ба худ,
Бохабар аз илм будан кори шахси оқил аст.
Бигзарем дарси кушод, орем донишҷӯ ба ваҷд,
Ҳар нафар устод дар фанни худаш ӯ фозил аст.
Гар саволе дод шогирд: – Роҳи осон дар куҷост?
Аз пайи душворӣ рафтан фахри Мирзо Бедил аст!
Дониёро, додани дониш кори саҳл нест,
Роҳи таълим мушкил асту лек ороми дил аст!