Осорхонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолияти худро дар асоси Оиномаи Донишгоҳ миллии Тоҷикистон ва Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз 13 апрели соли 2023 ба роҳ мондааст ва дар он таърихи фаъолияти олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ гирд оварда шудаанд.
Осорхона бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи дастовардҳои факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуда, дар он дастовардҳои ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни он тули солҳои фаъолият ҷамъоварӣ шудааст. Дар осорхонаи мазкур, аз ҷумла асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳамчунин, дар он таҷҳизоти муосир барои баргузории дарсҳои маҷозӣ (онлайнӣ), видеоконференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмиву амалӣ насб шудааст, ки имкон медиҳад омӯзгорону донишҷӯёни факултет ба таври маҷозӣ дар озмуну олимпиада, конференсияву семинарҳои байналмилалӣ иштирок намоянд. Дар он дарсҳои ба тариқи онлайн гузарондашуда ва видеодарсҳо низ сабт ва нигоҳдорӣ мешаванд.
Мақсади асосии Осорхона бозёфт, ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории дастовардҳои ҷомеаи меҳнатии факултети ҳуқуқшиносӣ ва ба маърази тамошо муҳайё сохтани дастовардҳои факултет ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ мебошад.
Дар Осорхона бештар кори идеологӣ ва тарбиявӣ гузаронида мешавад, ки дар асоси нақшаи кории Шӯрои сарпарастони факултет барои ошно шудан ба таъриху фаъолияти ва роҳи пуршарафи тайнамудаи ҳайати бонуфузи профессорону устодон ва донишҷӯёни факултет ба Осорхона ҷалб карда шуда, дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.





