ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ВАСИЛАИ ТАҲКИМБАХШИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРӢ

Дар асоси моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд. Дар ин замина Президент ҳангоми муайян кардани роҳи сиёсии рушди кишвар аз василаҳои гуногуни сиёсӣ ва ҳуқуқӣ истифода мекунад. Яке аз ин василаҳо ҳуқуқӣ паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷатҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии дорои мақоми конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ва стратегӣ буда, барои такмили сиёсати ҳуқуқии кишвар дар замони муосир аҳамияти бузург доранд.

Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Хусусиятҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, кулли самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро фаро гирифта, вазифаҳо барои соли 2025 ва солҳои минбаъдаро низ ифода менамояд. Бо назардошти нақши Паёми Президент дар таҳкими сиёсати ҳуқуқии кишвар онро метавонем фарогири се ҷанба маънидод намоем:

1. Таҳлилу баҳодиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.

2. Пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.

3. Пешниҳоди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав ва ё қабули санади нав.

Бо назардошти ҷанбаҳои ифодаёфта мисолҳои мушаххасро мавриди таҳлил қарор медиҳем.

1. Таҳлилу баҳодиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми соли 2024 такид намуданд, ки “Танҳо дар асоси пешниҳоди паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд. Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд. Хотирнишон менамоям, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд”.

Заминаи ҳуқуқии ин таҳлилро Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ва Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2020, №1580 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, аз 13 январи соли 2022, №312 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, аз 6 феврали соли 2023, №526 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ташкил медиҳад.

2. Пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли 2024 дастур доданд, ки: “Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад”.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” 25 декабри соли 2015, таҳти № 1269 қабул шуда, асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузаронидани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, новобаста ба шакли моликияташон, равона карда шудааст.

3. Пешниҳоди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав ва ё қабули санади нав. Дар паёми соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ки: “Пешниҳод менамоям, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад”.

Дар асоси дастури мазкур 10 январи соли 2025, №915 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” қабуд карда шуд, ки мутобиқи он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.

Дар асоси таҳлили мисолҳои мушаххас бо далаел баён менамоем, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси василаи ҳуқуқии таҳкими сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад,

профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ

ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ