Роҳбари мо дар паёмаш нек ҳикмат мекунад,
Шукри ин миллат барои халқ хидмат мекунад.
Иҷтимой, иқтисодӣ ҳам сиёсат кори уст,
Пояи илм устувор у дар сиёсат мекунад.
Нақши занҳову ҷавонон дар ҷамоат пойдор,
Бар ятимону сағирон лек хизмат мекунад.
Ҷангро оред дар ёд дарки ин соат кунед,
Доимо бар сулҳу ваҳдат у ишорат мекунад
Дурр намояд санги кишвар, дуст дорад меҳанаш,
Ҳар гаҳе бар аҳли Маҷлис у паёмат мекунад
Дониёро, ин нафарро чун падар ту дуст дор,
Чунки моро пуштибону ҳам ҳидоят мекунад.
Дониёрҷон Сангинӣ