Нимаи аввали рӯз дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. Оид ба мазмун, моҳият ва зарурияти таҳияи Барнома мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳукуқшиносӣ, дотсент Изатулло Маҳмудов гузориш доданд. Сипас оид ба масъалаи мазкур музокираву муҳокимаи тулонӣ сурат гирифт. Дар музокира аъзоёни Шӯрои олимон Миралиев А.М., Самиев Х.Д, Калимулоев М., Насурдинов Э.С. ва дигарон баромад намуда, андешаву назари хешро оид ба паҳлуҳои алоҳидаи Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ иброз намуданд. Зикр карда шуд, ки қабули барномаи рушд дар шароити кунунии пешрафти давлатдории миллӣ иқдоми саривақтӣ буда, он метавонад дар самти баланд бардоштани масъулиятшиносии омӯзгорон, саводнокии донишҷӯён ва ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим хизмати шоистаеро анҷом диҳад. Дар маҷмӯъ «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз ҷониби кулли аъзоёни Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон якдилона пазироӣ карда шуда, дар хусуси қабули он қарори дахлдор қабул гардид. Татбиқи амалӣ ва бомароми барнома дар оянда имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таълим боло бардошта шуда, ҳамзамон мутахассисони болаёқат, рақобатпазири бозори меҳнат, ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ ва дар руҳияи меҳанпарастиву хештаншиносӣ тарбияёфта омода карда шаванд. Умед дорем, ки бо амалишавии барнома дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет таҳаввулотҳои ҷиддӣ ба миён меоянд.