Нимаи аввали рӯзи 10-уми декабри соли 2015 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷаласаи васеи ҳайати омӯзгорону кормандони факултет дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳамзамон Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Академики АИ ҶТ Имомзода М.С., олимон ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насурдинов Э.С. ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳияту аҳамияти масъалаи баррасишаванда гузориш доданд. Сипас оид ба масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласа, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академики АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомзода М.С. баромад намуданд.
Мавсуф зимни баромади хеш дар хусуси зарурати таърихии қабули қонуни мазкур иттилоъ дода, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷик махсусан таъкид намуд. Қабули ин қонунро дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ ҳисобид.
Сипас оид ба масъалаи баррасишаванда устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дотсент Идиев Ф.Ф., ассистент Сафиева М.С., дотсент Раҷабов М.Н., баромад намуда, андешаву назари комил ва созандаи худро оид ба зарурият ва аҳамияти таърихии қабули Қонуни мазкур баён доштанд. Аз ҷумла зимни суханрониҳои хеш омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ қайд намуданд, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ аз нестшавӣ раҳо намудани давлат, аз парокандашавӣ наҷот додани миллат ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Ватани маҳбубамон хизматҳои арзандаву шоистаро анҷом додааст. Ў барҳақ Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои воқеии миллати тоҷик аст, афзуданд дар анҷоми кори ҷаласа омӯзгорони факултет.
Дар умум ҳайати омӯзгорону кормандони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пуштибонии амиқи хешро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» изҳор намуда, хизматҳои анҷомдодаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷовидона гардонидани номи миллати тоҷик, эҳёи давлатсозию миллатсозии тоҷикон ва бунёди аркони давлатдории миллии таърихӣ эътироф намуданд.