Пирӯзӣ муборак!

     Рӯзи 14-уми июли соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои дарёфти мақоми узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бояд изҳор намуд, ки қаблан дар матбуоти даврӣ барои ишғоли мақоми узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ низ озмун эълон гашта буд. Аз ин рӯ, барои дарёфти ин мақом чан тан аз олимони маъруфи риштаи ҳуқуқшиносӣ, шахсиятҳои шинохта, донишмандони соҳибмактаб ва ходимони баруманди давлатӣ ҳуҷҷатҳои худро ҷиҳати иштирок ба озмун пешниҳод намуданд.

      Ҷойи ифтихор аст, ки миёни дигар довталабони мақоми узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо касби аксарияти овозҳои интихобкунандагон ба унвони узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштанд.

     Хотиррасон менамоем, ки номбурда давоми чанд соли охир роҳбарии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро ба зимма дошта, дар самти ба роҳ мондани корҳои бунёдии илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби олимони факултет, боло бурдани сатҳу сифати таълим, тарбияи мутахассисони болаёқат, парвариши донишҷӯён дар руҳияи меҳанпарастиву худшиносии миллӣ ва арҷгузори ба дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ корҳои назаррасро анҷом додаанд. Гузашта аз ин таҳқиқи проблемаҳои густариши фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, боло бурдани шуури ҳуқуқӣ, таҳкими қонуният ва волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аз мавзӯҳои марказии самти корҳои илмии ӯро ташкил дода, дар робита ба мавзӯи мавриди назар як силсила асарҳои пурарзиши илмиро эҷод ва нашр намудааст.

      Мавсуф ҳамчун вакили мардумӣ айни замон дар Парлумони кишвар дар вазифаи пурмасъул Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МН МО ҶТ фаъолият намуда, миёни ҷомеаи ҳуқуқшиносони тоҷик эътибору эҳтироми хосро соҳиб аст. Интихоби ӯро ба ҳайси узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ метавон ҳамчун нишони қадршиносӣ аз заҳмату талошҳо ва хизматҳои шоёни ӯ дар самти тарбияи ҳуқуқшиносони ҷавон ва муаррифии дастовардҳои назарраси соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ унвон кард.

     Ҳайати омӯзгорону профессорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқукшиносии ДМТ бо шунидани ин хушхабар хушҳол гардида, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддинро ба ифтихори интихоб шуданашон ҳамчун узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта, ба ӯ тансиҳативу саодатмандӣ ва дастоварду комёбиҳои беназири илмиро орзуманданд. Умедворем, ки мавсуф барои рушду такмили илми ҳуқуқшиносӣ, тарбияи кадрҳои арзандаи илмӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз корҳои арзишмандеро ба сомон мерасонад.