Пирӯзии ҷавонтарин вакил дар таърихи парлумони касбӣ!

         Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ садорати факултети ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти соли ҷорӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сафаров Бахтовар Амиралиевич, ки ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш № 32 пешбарӣ шуда буд, ба ҳайси ҷавонтарин вакил дар таърихи парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Номбурда баъд аз ҷамъбасти натиҷаи пешакии овоздиҳӣ дар ҳавзаи зикршуда, соҳиби 89,3 фоизи овози интихобкунандагон гардида, бар ҳарифони худ дастболо шуд.

         Аз ин рӯ, ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ аз пирӯзии омӯзгори ҷавон Сафаров Б.А. дар интихобот худро шодмону сарбаланд дида, ба ӯ дар самти таҳия ва  қабули қонуну қарорҳо, такмили минбаъдаи қонунгузории кишвар ва хизмати шоиставу арзанда ба нафъи мардуми шарифи Тоҷикистон бурдбориву пешравиҳоро таманно доранд.

мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сафаров Бахтовар Амиралиевич