ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ПОЯГУЗОРИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ВА РОҲНАМОИ РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ

(бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр)

Дар баробари омилҳои гуногуни пешрафти давлат, таҳкими низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ дар рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаи муҳим мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои қонунгузорӣ ва роҳнамоиҳои оқилонаю стратегӣ дар таҳияву қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифати онҳо, пешбурди сиёсати ҳуқуқӣ, ки асоси онро арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад, нақши марказӣ дорад.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табиист, ки масъалаҳои коркарди заминаҳои низоми идоракунӣ, муайян намудани авлавиятҳои бунёдӣ, ки барои рушди давлатдории навини тоҷикон чун қутбнамо баромад намоянд, интихоби амсилае аз низомҳои ҳуқуқӣ ва дар доираи он рушд додани низоми ҳуқуқии милливу қонунгузорӣ хеле мубрам гаштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки аз нахустинҳо шуда, мубрамии ин масъалаҳоро дарк намуда, бо ғояҳо, ташаббусҳо ва роҳнамоиҳои ҳамешагӣ дар саргаҳи ташаккули низоми нави ҳуқуқии миллӣ қарор гирифтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ бо ғояҳои дурбинонаю созанда фаъолият намуда, барои бунёди низоми қонунгузорӣ бо дарназардошти арзишҳои миллию байналмилалӣ заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Аз ҷумла, Пешвои миллат аввалин шуда, зарурати коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба миён гузошт, зеро меъёрҳои замони гузашта ба талаботи давлати соҳибистиқлрли Тоҷикистон мувофиқат намекарданд. Дар ин замина, як қатор санадҳои меърии ҳуқуқӣ қабул шуданд.

Бо роҳбарии Пешвои миллат дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии давлатдории навини тоҷикон гузошта шуд. Сарвари давлат дар замони Раиси Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон дурнамои рушди мамлакатро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона хеле андешамандона ва собитқадамона тарҳрезӣ сохтанд. Ҳамзамон, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки онҳо таърихӣ ва тақдирсоз буда, барои бунёди рукнҳои давлатдории миллӣ, қабули Конститутсия, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муассир доранд.

Таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардидааст. Роҳбари давлат ташаббускори ворид гардидани меъёрҳо ба Конститутсия дар бораи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон, шакли идоракунии президентӣ, эътирофи халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва дигар арзишҳои муҳими миллӣ ва демоктратӣ аст.

Дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханрониҳояшон бармеоянд, ба рушди устувор ва босуръати кишвар, бахусус низоми идоракунӣ, рушди иқтисод, фарҳанг ва ҳуқуқ мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки самти такмили низоми ҳуқуқии миллӣ, махсусан такмили қонунгузории амлкунанда ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии сифатан нав бо мақсади таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар меҳвари ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллатро ташкил медиҳанд. Вобаста ба ин, метавон гуфт ки маҳз дар заминаи сиёсати ҳуқуқии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кишвари азизамон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.

Омӯзиш ва таҳлили паёмҳои Президенти мамлакат нишон медиҳад, ки дар кулли онҳо масъалаи такмили қонунгузории амалкунандаи кишвар, тавассути қонунгузорӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор, қабули қонунҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй ва масъалаҳои дигари дахлдор мавриди таҳлили амиқ қарор дода мешаванд. Сарвари давлат ба мустаҳкамиву мукамалии низоми қонунгузорӣ аҳаммияти асосӣ дода, инкишофу пешрафти ҷомеаро фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян менамояд.

Сарвари давлат ҳамчун субъекти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар раванди инкишофи қонунгузории кишвар нақши фаъол дошта, теъдоди зиёди санадҳои қонунгузорӣ ва сандҳои меъёрии зерқонунӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии давлатӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат таҳия ва қабул гардидаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои худ мушкилоти қонунгузориро таҳлил намуда, ҷиҳати беҳтар намудани танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ супоришҳо ва тавсияҳо манзур менамоянд.

Дар маҷмуъ, нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар шаклгирию инкишофи қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ хеле бузург мебошад, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои судманди қонунгузорӣ манзур менамоянд, ки дар асос ва баҳри иҷрои талаботи онҳо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда мешавад, инчунин ба санадҳои ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид мегарданд, ки онҳо барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиҳатии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, амнияти миллату давлат, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат мекунанд.

Дар фарҷом, метавон гуфт ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори низоми қонунгузории миллӣ ва роҳнамои рушди ислоҳоти ҳуқуқӣ буда, ташаббускор ва заминагузори санадҳои қонунгузорие мебошанд, ки онҳо ба манфиати халқу давлат буда, меҳвари онҳоро арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии давлат, кафолати ҳуқуқҳои инсон, соҳибихтиёрии халқ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, баробарҳуқуқию гуногуншаклии моликият ва арзишҳои дигари миллию мардумсолорӣ ташкил медиҳад.

Бурҳоналӣ ШЕРЗОДА – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ