Таҳти Раёсати ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ нимаи аввали рӯзи 12-уми декабри соли 2015 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ба истиснои аъзоёни Шӯрои олимон, омӯзгорону кормандон, донишҷӯён ва роҳбарони сохторҳои зертобеи Донишгоҳ иштирок доштанд.
Ҳамзамон дар кори ҷаласа як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони МО ҶТ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода А.Ѓ., раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Латифзода Р.Б., раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ѓаффоров А., раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Исмонов Сайҷаъфар иштирок доштанд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Ректори Донишгоҳ Имомзода М.С. ҳусни оғоз бахшида, ҳузури меҳмонону ҳозиринро хайра мақдам гуфт. Сипас оид ба зарурияти таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии қабули қонуни фавқуззикр иттилоъ дода оид ба хизматҳои арзанда ва дастовардҳои беназири шахсияти таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза кард. Сипас аз рӯйи рӯзномаи ҷаласа раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода А.Ѓ., раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Исмонов Сайҷаъфар, декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ Самиев Х., раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ѓафоров А., раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Латифзода Р.Б., мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ Маҳмудов И.Т., мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идора Ҳодиев Д.А. ва донишҷӯйи курси чоруми шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносӣ Азимова Зебоҷон баромад намуда, оид ба зарурат ва аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва нақши шоистаи Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон андешаву назарҳои созанда баён доштанд. Кулли маърӯзачиён бо назардошти хизматҳои бузургу тақдирсози шахсияти барҷастаи таърихии миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, пешгирии хатари парокандашавии миллат, заволёбии давлат ва аз коми ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани халқи тоҷик пуштибонии амиқи худро оид ба қабули қонуни мазкур изҳор доштанд.