Ҳар сол, 10 декабр ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҳуқуқи инсонро ҷашн мегирад – санае, ки қабули санади бунёдии ҳуқуқи инсон, яъне Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ёдовар мешавад. Ин ҳуҷҷат бунёди низоми байналмилалии ҳуқуқи инсон гардида, барои ҷомеаи башарӣ муайян кард, ки ҳар инсон, бидуни фарқият, дорои ҳуқуқ ва озодиҳои мебошад.
Қабули Эъломия дар соли 1948 посухе буд ба фоҷиаҳои ҷанги ҷаҳонӣ, ки арзиши ҳаёт, озодӣ ва шаъну эътибори инсонро ба маркази эътибори байналмилалӣ баргардонд. Аз он вақт то имрӯз ҳуқуқи инсон ба яке аз меъёрҳои муҳими арзёбии рушди давлатдорӣ ва сатҳи фарҳанги сиёсӣ табдил ёфтааст.
Эъломия таъкид мекунад, ки ҳифз ва эҳтироми ҳуқуқи инсон шарти асосии рушди устувор, сулҳи пойдор ва пешрафти иҷтимоӣ мебошад. Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодии фикру виҷдон, баробарӣ дар назди қонун, дастрасӣ ба маориф, адолати иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ – ин арзишҳо танҳо истилоҳҳои ҳуқуқӣ набуда, онҳо пояҳои давлати муосир ва ҷомеаи солим мебошанд.
Барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи инсон ба рушди ниҳодҳои демократӣ, таҳкими қонуният ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ, барномаҳои миллӣ ва тадбирҳои давлатӣ, ки солҳои охир амалӣ мешаванд, ба ин арзишҳо такя доранд ва мақсадашон боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мебошад.
Давлат уҳдадор аст, ки шароити амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳоро фароҳам оварад, механизмҳои ҳимояро такмил диҳад ва ба ҳар нафар имконияти пурра иштирок кардан дар ҳаёти ҷомеаро таъмин намояд.
Аммо эҳтироми ҳуқуқи инсон танҳо вазифаи давлат нест. Ҳар як шаҳрванд низ масъулияти ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Ҷомеае, ки ба шаъну арзишҳои инсонӣ такя мекунад, бояд фарҳанги эҳтиром, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазириро инкишоф диҳад.
Яке аз паёмҳои асосии Рӯзи ҳуқуқи инсон – баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқист. Маориф дар бораи ҳуқуқи инсон ҷаҳонбиниро шакл медиҳад ва эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва муносибати огоҳона ба ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ маҳз тавассути омӯзиши ҳуқуқ ташаккул меёбад.
Ин рӯз танҳо барои ёдоварӣ аз ҳуҷҷати таърихӣ нест. Он даъват ба амал, даъват ба беҳбудӣ ва масъулияти муштараки тамоми ниҳодҳои ҷомеа мебошад. Донишгоҳҳо, созмонҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як инсон бояд саҳми худро дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳо гузоранд – хоҳ тавассути таълим, хоҳ бо ҳимояи қонун, хоҳ бо хизмати содиқона ба ҷомеа.
Имрӯзҳо ҳуқуқи инсон дар раванди мушкилоти глобалӣ – тағйирёбии иқлим, муҳоҷират, ноамниҳои минтақавӣ ва таъсири технологияҳои рақамӣ, боз ҳам бештар ба маркази таваҷҷуҳ меояд. Ин нишон медиҳад, ки аҳамияти Эъломия бо мурури замон бештар мегардад. Ҳар қадар ҷаҳони муосир тағйир ёбад, ҳамон қадар зарурати ҳифзи ҳуқуқҳои бунёдӣ афзоиш меёбад.
Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ин ҷашни арзишҳои умумибашарист. Он ба мо ёдрас мекунад, ки ҷомеаи солим ва давлатдории пойдор танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну эътибори инсон меҳвари сиёсати давлатӣ ва раванди иҷтимоӣ гарданд.
Ин сана моро водор мекунад, ки дар бораи масъулиятамон андеша кунем. Ҳифзи ҳуқуқи инсон танҳо вазифа нест, ин рисолат ва заминаи рушди инсон ва ҷомеа мебошад.
Исмоилзода С.И. – донишҷӯйи соли 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ
