Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз!

        Ваҳдати миллӣ яке аз арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон ба ҳисоб рафта, такя ба хиради азалии мардуми тамаддунофар ва фарҳангсолори тоҷик дар асоси заҳмату талошҳо ва ташаббусҳои бевоситаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба имзо расидани созишномаи умуми сулҳ ва ризояти миллӣ 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватани маҳбубамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваста заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ-ташкилии рушди давлатдории миллӣ фароҳам оварда шуданд. Аз самараву баракати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, сулҳу ваҳдати комил, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст.

      Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари ташаббускори ҳалли муҳимтарин масъалаҳои глобалӣ эътироф шудааст, ки дар ин ҷода хизматҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд.  Баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санаи 15-уми июни соли 2019 бо иштироки намояндагони беш аз 27 кишварҳои дунё далели равшани ин гуфтаҳост.

      Имрӯзҳо дар тамоми гушаю канори Ватани маҳбубамон бузургтарин, беназиртарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар интиҳои қарни гузашта, муқаддастарин ҷашнвораи миллии замони соҳибихтиёрии давлатӣ – 22-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби кулли сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил шуда истода, корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кардаанд.

         Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш садорати факултети ҳуқуқшиносӣ устодону кормандон ва донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори таҷлили 22-юмин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ, иқболи баланду комёбиҳои нав ба навро таманно доранд.