Санаи 11-уми октябри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Ҷамъомади мазкур бо мақсади шунидани дарси кушоди вазир дар мавзӯи «Фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ», шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои соҳа ташкил карда шуд.
Чорабиниро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Имомзода М.С. кушода эълон намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Қайд гардид, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкили чунин ҷамъомадҳоро тақвият бахшида, оянда чунин вохӯриҳо бо роҳбарони мақомоти дигари давлатӣ низ ташкил хоҳанд шуд.
Сипас дарси кушоди вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳмизода Рамазон Ҳамро дар мавзӯи «Фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ» баргузор гардид. Меҳмон масъалаҳои мубрами мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба паҳлуҳои гуногуни он андешаронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ яке аз омилҳои муҳимми пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо ба ҳисоб рафта, субъектони он дар бахши ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши марказиро иҷро мекунанд. Ҳамзамон Раҳимзода Р.Ҳ. мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои кишвар шарҳу тавзеҳ доданд. Яке аз масъалаҳои асосии суҳбати вазирро бо нақлиёти шахсӣ ба дарс наомадани донишҷӯён ташкил медод. Таъкид гардид, ки сохторҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ пайваста дар ин самт бо донишгоҳу донишкардаҳои кишвар ҳамкорӣ менамоянд. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки риояи қонунгузорӣ, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро сармашқи кори худ қарор диҳанд. Таъкид карда шуд, ки донишҷӯён ҳангоми омадан ба донишгоҳ аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намоянд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва самимӣ баргузор гардида, байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар он донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолона иштирок намуда, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Дар охир вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷониби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Имомзода М.С. бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
Дар маҷмӯъ кулли иштирокчиён аз ин вохурӣ таассуроти нек бардошта, тақвият бахшидан ва таҳкими ҳамкориҳоро байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ хуб арзёбӣ намуданд.