Дар шароите, ки ҷаҳонишавӣ бо суръати бесобиқа майдонҳои сиёсӣ, иттилоотӣ ва фарҳангиро фаро мегирад, ҳар як миллат барои ҳифзи ҳастӣ, арзишҳо ва ниҳодҳои худ ба неруи муттаҳидсозандаи миллӣ ниёз дорад. Миллате муваффақ ва пойдор мемонад, ки дар гирдоби рӯзгори мураккаб ба рамзҳои худ арҷ мегузорад ва онҳоро ҳамчун сутуни давлатӣ, ахлоқӣ ва нажодӣ ҳифз менамояд.
Маҳз дар чунин вазъ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба сифати се муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзи ҳувият, сарчашмаи ифтихор ва неруи иттиҳоду ягонагии ҷомеа баромад мекунанд.
Рамзҳои давлатӣ танҳо нишонаҳои зоҳирӣ ва расмӣ нестанд, балки онҳо мазмуни амиқи таърихӣ, маънавӣ ва давлатӣ доранд. Дар худ таърихи тулонии ҳазорсолаи тоҷиконро, ки аз тамаддуни бостонӣ то давлатдории муосир танаффуснопазир идома меёбад, таҷассум мекунанд. Дар ниҳоди онҳо таҷрибаи қадимаи давлатдорӣ, ҳикмати сиёсии ниёгон ва анъанаҳои устувори давлатсозии халқи тоҷик инъикос ёфтааст.
Ин рамзҳо ҳамчунин андешаҳои бузурги соҳибватанонро, ки дар тули асрҳо барои ҳифзи Ватан, забон, фарҳанг ва истиқлол талош варзидаанд, дар худ зинда нигоҳ медоранд. Ҳар ҷузъи рамзҳои миллӣ арзишҳои муқаддаси миллат, аз эҳтироми Ватан то садоқат ба миллат, аз меҳри сарзамини аҷдодӣ то масъулияти шаҳрвандиро дар бар мегирад.
Дар баробари ин, муқаддасоти миллӣ руҳи сарбаландӣ ва шуҷоати халқи тоҷикро таҷассум мекунанд. Руҳе, ки дар ҳама давру замонҳо мардуми моро ба устуворӣ, матонат, худшиносии миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ раҳнамун сохтааст. Рамзҳои давлатӣ ҳамаи ин хазинаи маънавиро дар як гулдӯхтаи пурмазмун ҷамъ оварда, ирода ва ҳуввияти миллатро барои имрӯз ва фардо мустаҳкам менамоянд.
Парчами миллӣ дар дилу дидаи ҳар як тоҷик эҳсоси ифтихор, неруи ирода ва садоқати беандоза ба сарзамини аҷдодиро бедор месозад. Ҳар ранги он бо забони хоси рамзҳо моро ба андеша водор мекунад: сурх аз ҷасорату ҷавонмардӣ, сафед аз покиву адолат ва нур, сабз аз ҳаёт, накӯкорӣ ва шукуфоӣ. Ин ранги муқаддас моро ба он бовар мерасонад, ки пешрафти ҷомеа танҳо дар заминаи ростӣ, меҳнатдӯстӣ ва ваҳдат имконпазир аст.
Нишони давлатӣ бошад, китоби сарнавишти миллат дар ҳошияи рамзҳост. Тоҷ рамзи соҳибдавлатӣ ва ифтихори миллӣ, ҳафт ситора рамзи ҳафт ганҷи маънавӣ ва ҳафт сутуни ҳаёт: адолат, дониш, ҳикмат, равшанӣ, ҷавонмардӣ, ростӣ ва Ваҳдат мебошанд. Гандум нишонаи фаровонӣ, неъмат ва баракати кишвар аст, дар ҳоле ки кӯҳсор устуворию пойдории Ватанро ифода мекунад. Ин маҷмуи рамзҳо моро ба он хотиррасон месозад, ки Тоҷикистон ба пояҳои мустаҳкам такя карда, аз таърихи пуршараф нерӯ мегирад.
Суруди миллӣ бошад, оҳанги муқаддасе аст, ки сар то сари мову шуморо бо хотири халқу диёр мепайвандад. Ҳар нотаи он дар қалб эҳсоси Ватанро зинда мекунад, иродаи миллатдӯстиро нерӯ мебахшад ва рӯҳияи ватандориро баланд месозад. Ин суруд таронаи ҳувият, садои сулҳу ваҳдат ва рамзи ҳастии давлати соҳибистиқлол мебошад.
Таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ имрӯз ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини амнияти фарҳангӣ ва ҳувиятӣ табдил ёфтаанд. Фарҳангҳои хориҷӣ бо суръати баланд вориди фазои иҷтимоии кишварҳо мешаванд, шабакаҳои иҷтимоӣ бо мундариҷаи гуногун зеҳнҳоро фаро мегиранд ва муҳити рақамӣ истодагарии қавиро талаб мекунад. Дар чунин шароит ҳифзи забон, фарҳанг, тафаккури миллӣ ва арзишҳои аҷдодӣ ба кори саҳл табдил намеёбад; баръакс, сиёсати дурандешона, ҳушёрии ҷамъиятӣ ва нерӯи маънавии ҷомеаро тақозо менамояд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 чунин таъкид намуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар бо сабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».
Дар воқеъ, ҷаҳони муосир имрӯз ба марҳилаи наве ворид шудааст, ки дар он нооромиҳои сиёсӣ, низоъҳои мусаллаҳона, бӯҳронҳои геополитикӣ ва таҳдидҳои ифротгароиву террористӣ рӯз аз рӯз афзоиш меёбанд. Ҷангҳои иттилоотӣ, ки бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити расонаӣ амалӣ мешаванд, зеҳн ва маърифати ҷомеаҳоро ҳадаф қарор медиҳанд. Дар чунин вазъият давлатҳои хурду миёна ба маркази манфиатҳои геополитикии қудратҳои бузург табдил меёбанд.
Дар ҳамин шароити пуртазод, амнияти миллӣ танҳо бо роҳи муттаҳидии ҷомеа, ҳушёрии сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии аҳолӣ таъмин мегардад. Барои кишваре мисли Тоҷикистон, ки Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботро бо заҳматҳои бузурги таърихӣ ба даст овардааст, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва худшиносии мардум аҳаммияти ҳаётан муҳим дорад.
Пешвои миллат бо таъкиди ҷиддӣ ва дурбинона хотиррасон месозанд, ки тамоми саъю кӯшиши ҷомеа бояд ба самтҳои ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, ободии Ватан ва рушди устувори кишвар равона шавад. Ин на танҳо як даъват, балки барномаи стратегиест, ки пояҳои асосии давлатдории миллиро ташкил медиҳад.
Мусаллам аст, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлатӣ, ободӣ ва рушд сутунҳои пойдории давлатанд. Агар яке аз онҳо суст гардад, на истиқлолият устувор мемонад ва на суботи сиёсӣ. Зеро арзишҳои миллӣ руҳи давлатро нигоҳ медоранд, манфиатҳои давлатӣ ҳастии онро муҳофизат мекунанд, ободии Ватан зиндагии шоистаи мардумро таъмин менамояд ва рушд ба кишвари соҳибистиқлол қудрати пешрафт, рақобат ва пойдорӣ мебахшад.
Дар ин замина, рамзҳои давлатӣ ҳамчун сипари рӯҳонӣ ва маънавӣ мардумро дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонӣ муттаҳид месозанд, ба ҷомеа эҳсоси ягонагӣ, масъулият ва худогоҳии миллӣ мебахшанд. Рамзҳои давлатӣ дар шароити бӯҳронӣ мардумро ба оромӣ, таҳаммул, муттаҳидӣ ва дифои манфиатҳои миллӣ даъват мекунанд.
Муқаддасоти миллӣ рамзи ирода, ҷасорат ва Истиқлоли миллат, таърих, давлатдорӣ ва фарҳанги ниёгон, ягонагӣ, сулҳу ваҳдат ва эҳсоси масъулияти ҳар шаҳрванди кишварро бедор мекунад.
Ҷаҳонишавӣ як равандест, ки қатъ намешавад ва тамоми кишварҳоро новобаста аз имкониятҳо фаро мегирад. Аммо барои он ки ҳувият ва арзишҳои миллии мо дар ин гирдоби пурталотуми ҷаҳонӣ маҳв нагарданд, ҷомеа бояд рӯҳияи миллӣ ва ҳисси худшиносиро доимо тақвият диҳад. Арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, эҳтироми Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дар замони муосир на танҳо амри рамзӣ, балки ниёзи воқеии фарҳангӣ ва маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар баробари ин, тарбияи дурусти ҷавонон аҳамияти беназир дорад, зеро насли нав бештар аз дигарон ба таъсири муҳити рақамӣ ва арзишҳои бегона дучор мегардад. Пешгирӣ аз гум шудани фарҳанг, забони модарӣ ва таърихи миллӣ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҷомеа ба онҳо ҳамчун арзишҳои муқаддас муносибат кунад.
Ҳамин тавр, дар шароити афзоиши таҳдидҳои ҷаҳонӣ, рамзҳои давлатӣ на танҳо нишонаҳои расмӣ, балки ҳимоятгари ҳувият, посдори арзишҳои миллӣ, қалъаи муқовимати маънавӣ ва манбаи муттаҳидии ҷомеа мебошанд. Онҳо мардумро гирди ормонҳои ягона ҷамъ намуда, барои ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ нерӯ ва рӯҳияи устувор мебахшанд.
Сулаймонзода Манучеҳр Субҳоналӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
