Рисолаи доктории У.А. Азизов тасдиқ шуд!

      Cадорат ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, дотсент Азизов Убайдулло Абдуллоевичро ба ифтихори тасдиқ шудани рисолаи докториаш аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (фармони №1296/нк аз 17.10.2016с.) самимона табрик намуда, ба эшон саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву корҳои илмӣ – тадқиқотиаш комёбиҳои беназирро ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз хоҳонанд.

     Ёдовар мешавем, ки номбурда 16 октябри соли 2015 дар Шӯрои муштараки диссертатсионии 737.004.08 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон рисолаи докториашро дар мавзӯи «Эволюция институтов преступления и наказания на территории исторического Таджикистана: историко-правовое исследование» аз рӯи ихтисоси «12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат» ҳимоя намуда буд.

Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент Азизов Убайдулло Абдуллоевич