Роҷеъ ба дараҷаи самаранокии корҳои тарбиявӣ аз ҷониби сарпарастони гурўҳҳои академӣ ва чораҳои беҳтар намудани самти фаъолияти онҳо дар соли хониши 2019-2020

Сарпарастони гурўҳҳои академӣ корҳои тарбиявиро дар байни донишҷўёни гурўҳҳои академӣ дар шакли баргузор намудани дарсҳои тарбиявӣ ба роҳ мондаанд. Зимни баргузории дарсҳои тарбиявӣ мавзўъҳои нақшавӣ ва масъалаҳои таъҷилии бавуҷудомада мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Сарпарастони гурўҳҳои академӣ нақши назаррас дар самти таъмини раванди муътадили тарбия дар байни гурўҳҳои академӣ доранд. Баҳри беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни гурўҳҳои академӣ тадбирҳои ҳамешагӣ андешида мешавад. Бо ин мақсад дарсҳои тарбиявӣ дар асоси Барномаи намунавии соатҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (барои зинаи бакалавриат), ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 таҳия гардидааст, ба роҳ монда мешаванд. Инчунин саҳми назарраси сарпарастони гурўҳҳои академӣ дар самти корҳои тарбиявӣ дар он зоҳир мегардад, ки саривақт дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ, Раёсати ДМТ воридгардидаро ба таваҷҷўҳи донишҷўён мерасонанд.

Маврид ба зикр аст, ки санаи 28.03.2020 дар ҷаласаи Шўрои олимони факултети ҳўқуқшиноси натиҷаи фаъолияти Шўрои сарпарастони гурўҳҳои академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар он вазъи самаранокии кори сарпарастони гурўҳҳои академӣ қаноатбахш ҳисобида шуд. Зимнан хотиррасон бояд намуд, ки Шўрои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносӣ баҳри татбиқи амалии бандҳои қарори Шўрои олимони факултет тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Ҳамчунин санаи ба унвонии ректори ДМТ мактуби Вазорати маориф ва илми ҶТ №05/1-381 ворид гардидааст, ки дар асоси он бо мақсади мутолиа ва шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26-ум декабри соли 2019) Барномаи таълимии дарсҳои тарбиявӣ барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия шудааст. Барномаи мазкур дар ҳаҷми 6 соат мутолиа ва шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (аз 26-ум декабри соли 2019) дар ҷараёни баргузории дарсҳои тарбиявӣ пешбинӣ менамояд. Шўрои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносӣ барномаи мазкурро дастраси сарпарастони гурўҳҳои академӣ намуда, рафти баргузории дарсҳои тарбиявиро дар асоси барномаи мазкур таҳти назорат қарор додааст.

Бояд зикр намуд, ки фаъолияти ҳамешагии аъзои Шўрои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносӣ баҳри таъмини муътадили раванди таълиму тарбия, тозагии муҳити атроф, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби донишҷўён ва м.и. равона гардидааст. Дар ин ҷода Шўрои сарпарастон (дар маҷмўъ бахши таълиму тарбия) фаъолияти ҳаррўзаи худро дар самти таъмини тозагии синфхонаҳо, муҳити атроф, риояи гигиенаи шахсӣ аз ҷониби донишҷўён корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Инчунин дар мавзўи «Тозагӣ гаравӣ саломатист». «Саломатии ҳар як шахс аз худи ў вобаста аст» ҷараёни баргузории дарсҳои тарбиявӣ идома дорад.

Шўрои сарпарастон фаъолияти худро дар ҷодаи ташвиқу тарѓиби тарзи ҳаёти солим, риояи ҳолати беҳдоштӣ дар байни донишҷўён ҷоннок намудааст. Аз ҷумла, дастраси донишҷўён намудани маълумотномаҳои зарурӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ (аз ҷумла, COVID-19) самти фаъолияти ҳамешагии аъзои Шўрои сарпарастон дониста шудааст.

ҲУСНУДДИН САИДОВ

муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ