Роҷеъ ба се сирояти бемории мӯҳташамии таърихӣ ба мафкураи муҳаққиқони таърихи ҳуқуқ

Дар ҳошияи вохӯрии Роҳбари давлат бо аҳли зиёии кишвар

«Муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он мақсадасткимобоядбаояндагонсабабҳоинотифоқиродурустшарҳдодазаруратитаҳкимиваҳдатимиллиробааҳли ҷомеа мунтазам талқиннамоем».

Эмомалӣ Раҳмон[1]

Доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ

Дар даврони лапишҳои иҷтимоӣ (истилоҳи сотсиолог Питирим Сорокин) ва буҳронҳои молиявӣ, ки халқу миллатҳо давлату тамаддунҳо як марҳалаи ғайримӯътадилро паси сар менамоянд, дар қатори дигар паҳноҳои ҳаёти иҷтимоӣ илм ва соҳаҳои мухталифи он низ зери фишор ва шабаҳҳои мухталиф қарор мегиранд. Ҷанги манфиатҳо, муборизаи сармоя, ғояи бузургманишии кишварҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ аз як ҷониб, рӯ задании унсурҳои утилитаризм дар ҳама риштаҳои рӯзгори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию илмӣ дар дохили тамаддун ва давлатҳо олами инсониро аз чониби дигар номуззам мегардонад. Зери ин ҳама фишорҳо давлатҳои рӯ ба рӯшд, истеҳсоли ватанӣ дошта ва пешрафта имкони мусоиди ҷаҳидан ба пешро соҳиб мешаванд, албатта агар  қудратҳои ҷаҳонӣ ва ё низоми байналмилал имкони истифодаи ин лаҳзаро роиҷ намояд. Дар акси ҳол нуфӯзи давлатҳои бузурги ҷаҳонӣ тариқи татбиқи сиёсати салтанатии ҷаҳонӣ низоми оламро ба манфиати худ истифода намуда, оламро боз то мӯҳлати номуайян номуназзам нигоҳ медоранд.

   Дар чунин шароитҳо агар илм аз як ҷониб воситаи муассири чунин давлатҳои бузургу салтанатӣ барои истисмори манфиатҳои давлатҳои кӯчак истифода шавад, аз ҷониби дигар самту соҳаҳои ҷудогонаи он гирифтори беморӣ ва сироятҳои мухталифи усулӣ гардида дар зоҳир ба рушди илм шабоҳат пайдо карда, дар дохил ба вайроншавии ҳаёти воқеӣ ва паҳноҳои тадқиқотӣ мусоидат менамояд. Илми ҳуқуқшиносӣ низ дар ин раванд аз чунин шабаҳҳо, ки байни таззоди манфиату зарарҳо нақши муассир доранд, озод нест. Воқеияти имрӯзи даврони гузариш собит дорад, ки агар илми соҳавии ҳуқуқшиносӣ байни назария ва консепсияҳои мухталифи арзишшиносӣ, оилаҳои ҳуқуқӣ ва низоми байналмилалӣ дар кашфи ҳақиқат ва адолати инсонӣ дар фазои демократия ва озодиҳо мушкилиҳои махсусгардонидашудаи соҳавиро доро бошанд, илмҳои умуминазариявӣ ва таърихӣ-ҳуқуқӣ дар баробари имкони васеи рушднамоӣ, бемориҳо ва зиёдаравиҳои усулиро касб намудаанд.  

  Фазои озоди илмӣ, паҳнои мухталифи назарҳо ва имкони фарохи сайри таърихӣ ба субъектони озоду муҳаққиқони нуктасанҷ шароитеро фароҳам овардааст, ки муҳаққиқони сармасти  озодӣ ва дастовардҳои илмӣ саманди фикрро дар майдони илмӣ бо усуле меронанд, ки масали халқии  «Шутурро гуфтам ғамза кун, полеза вайрон карду рафт»-ро мемонад.  Дар ин маҷро зиёдаравӣ дар омӯзиши таҷрибаи таърихӣ, усули мӯҳташами гузашта, дар таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ, дур шудан аз дарки воқеияту  ҳақиқат дар хулосаҳои илмӣ аз бемориҳои вазнини илмҳои  таърихӣ – хуқуқӣ ба шумор меравад. Ин раванд то он дараҷа нуфуз гирифтааст, аниқтараш ба умқи масъала фурӯ рафтааст, ки дар рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ сарҳади таърихомӯзиро вайрон намуда, ба таърихпарастӣ гузаштааст. Пасманзари ин раванд дар эҳсосоти ҷамъиятӣ манфӣ инъикос гаштааст. Ҷойи тафаккури эҷодиро тафаккури тақлидӣ ғасб карда, таассуб ва хурофот домани озодии андешаро қайчӣ зада, аз минбарҳои ҷудогонаи илмию динӣ, кӯшиши гузаштаро дар хизмати муосир овардан шурӯъ шудааст. Иддае то он дараҷа масти бузургманишии таърихӣ гаштанд, ки худро бо ҳама мушкилиҳои ҳаётӣ хаёлан дар симои салтанатҳои ҷаҳонии ниёгон эҳсос карданд.

   Ин ҳолат гурӯҳи дигари «ватандӯстон» ва муҳофизини дастовардҳои навинро оташин карда, онҳоро ба ҳимояи арзишҳои давлати демократӣ ва дунявӣ ба муқобили ин таърихпарастони тақлидгар ба майдони мубоҳисаҳо овардааст. Дурӣ аз усули омӯзиши илмҳои ҷамъиятӣ, аз мантиқи фанҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ, норасоии дониши қазоии гузашта ва ноогоҳӣ аз ҳикмати илмҳои ҷамъиятӣ ва таърихӣ дар рушди ҳаёти муосир ва оянда ҷонибдорони ин назарро низ ба нуктаи ниҳоии дигари муқобил кашидааст. Ин зиёиёни мӯҳтарам тақлид ва таърихпарастиро дуруст инкор карда, сарҳади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиро вайрон намудаанд. Онҳо усулҳои илмии таърихомӯзиро ба  эътибор нагирифта зери таъсири таъиноти иҷтимоӣ, касбӣ ва ҷаҳонбинии шахсии худ ба ҳимояи дастовардҳои навини давлати муосир остин барзада, бо тешаю табарҳои тезкардаи худ ҳар андеша ва ҳар назари бегона аз дидгоҳи худро теша мезананд. Ин раванд тафовут байни манфиати дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро нагузошта, гоҳо решаҳои таърихии маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳатто кафолатҳои таърихии ҳастии миллати соҳибдлавлатро теша мезанад. 

   Чунин лағзишҳо дар тафаккури иддае аз муҳаққиқони таърихӣ ва олимони муосири назариётчӣ  зери таъсири омилҳои мухталиф рӯ задааст. Бетарафӣ ва ғайрифаъол гардидани худи зиёиён ва олимони фанҳои ҷамъиятӣ ва таърихӣ-ҳуқуқӣ ба он оварда расонд, ки онҳо аз мадди назари ҷомеа, васоити ахбори омма ва ҳатто худи муассисаҳои илмӣ ва масъулини соҳа дур гаштанд. Ин раванд дар умум хизмати содиқонаи иддаи дигари онҳоро, ки софдилона заҳмат мекашиданд, аз мадди назар дур монд. Бисёриҳо фикр карданд, ки бо китоби «Тоҷикон» ва чанд асарҳои ҳикматомӯзи бунёдгузори давлати миллӣ кори таърихомӯзии миллат ба итмом расид. Сониян, дуруст ба инобат нагирифтани усулҳои илмии омӯзиши таърих аз ҷониби иддае аз олимони соҳаи ҷамъиятӣ, ки дар тафаккури онҳо арзишҳои динӣ аз ҳақиқати илмӣ болотар рафта, таърихпарастӣ ва мӯҳташамии таърихӣ мавқеи ақлу хиради созандаро маҳдуд кард. Сеюм, авҷ гирифтани эҳсосоти динӣ дар ҷомеа, боло рафтани  таассуб ва хурофот дар байни қишрҳои мухталиф ҳатто олимону донишмандон. Чорум, бетарафии олимони шинохтаи соҳаҳои дигари илм дар ҳимояи ҳақиқати илмӣ, таърихӣ, кашфиётҳои табиӣ ва собит сохтани нақш ва нуфӯзи илм барои рушди ҷомеа дар муқобили дигар усулҳои шинохти табиат ва шаклҳои шуури ҷамъиятӣ. Ин ҳолат агар аз як ҷониб ғалабаи боварӣ ва тақлиди бетаҳлилро дар муқобили шакку шубҳаи илмӣ дар тафаккури хонанда таъмин намуда бошад, аз ҷониби дигар майдони мубоҳисаҳои илмиро ба ғайримутахассисон, муҳофизони касбии дигар соҳаҳо ва диллетантҳо вогузор кард. Панҷум нодуруст қабул кардани иқдоми таърихӣ ва зарурии ҷашнвораҳои таърихии миллат. Албатта, ҳолати панҷум,  ки бо ибтикори  Ҳукумати Тоҷикистон  роҳандозӣ шуд, воқеан аз зинаҳои ногузир ва таърихии ҳифзи асолати миллӣ ва наҷоти  ҳаққи миллати решабаърих ба давлатдорӣ буд ва хоҳад монд. Вале онро иддае бидуни ҳикмат ва таъиноти аслӣ қабул намуда, сарҳади таърихомӯзӣ ва сабақбардории таърихиро убур карда, ба сирояти таърихпарастӣ гирифтор шуда бошанд, гурӯҳи дигар бо хониши ду се асарҳои мутафаккирони гузашта ва шиносоӣ бо маҳдудиятҳои афкори таърихӣ ба инкори таърихи гузашта рӯ оварданд.  

    Бо назардошти муҳиммияти масъала ва омилҳои мухталифе, ки вазъи эҳсосоти илмии ҷомеа ва ҷаҳонбинии мардумро дар нуктаҳои ниҳоии мубоҳисаҳо ва роҳҳои рушди илм вогузор намуда, рушди васатияти илм ва ҷаҳонбинии миллатро бо ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ монеа мегардад, зарур шуморидем бо ин навишта, роҷеъ ба се ҷанбаи марказгурезии ин раванд мухтасаран баёни назар шавад.    

       1) Сирояти тафохури таърихӣ ва маҳрумӣ аз мероси таърихӣ

Мисли оне, ки фарзандони шахси хирадманд на ҳамеша хирадманд мешаванд, халқу миллатҳои таърихи бой дошта низ на ҳама вақт аз зумраи давлатҳои пешрафтаанд.  

       а)таърихи бой ва ғанӣ ҳанӯз нишонаи бузургии миллат ва давлат нест

      Тоҷикон аз халқиятҳои қадимаи мардуми ориёианд, ки бори беш аз панҷҳазорсолаи тамаддуни давлату давлатдорӣ ва ҳуқуқу ҳуқуқэҷодкунии қабоили пешқадами онро дар сарзамини таърихии аҷдодӣ[2] ва кунунии хеш бар дӯш кашидаанд. Ҳақ ба ҷониби Роҳбари Давлат аст, ки иброз намуданд: «Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ будаанд».[3]

       Замонҳо тоифаи тоҷикии мардуми ориёӣ дар сарманшаи инқилобҳои фикрӣ ва ақлии тамаддуни ориёӣ қарор гирифта, бунёдгузори маданияти воло, давлатҳои абарқудрат, ҳуқуқи адлпарвару ахлоқи ҳамида ва фалсафаи инсонпарасту илми хизматгузори инсонҳо буд. Таҷрибаи пешқадами идоракунию ҳуқуқэҷодкунӣ, ҳамзамон бо нерӯи зеҳнии он обрезандаи осиёби инкишофи тамаддуни пешқадами дунёи қадим гардида, дар муқобили тамаддунҳои қадимаи шумерию аккадӣ, мисрию бобулӣ, хитоию ҳиндӣ, яҳудию эллинӣ ва ғайра гуногунӣ ва мухталифии роҳҳои инкишофи ҷомеаи инсониро собит намуда, хотираҳои олии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи бемислу монанди давлату идоракунии давлатиро рӯи кор овардаанд, ки аксаран ғояҳо ва усулҳои ақлии он пас аз пардаи ҳазорсолаҳои таърихӣ низ дар ҳолатҳои душвор чун ҳидоятгари роҳи росту муфид ва тарғибгари меҳру адолат барои имрӯзиёну фардоиён қодиранд, хизмат намоянд. Ва ҷои тааҷҷуб нест, ки онҳо, яъне мазмуну мундариҷот ва принсипҳои олии ин дастовардҳо бо ҳар роҳу восита то ба низоми ҳуқуқии давлатҳои имрӯз роҳ ёфта, ба мардуми пешқадами дунё хизмат намуда истодаанд.

       Эътирофи масъулияти қудрат дар назди халқ ва таҷрибаи қабули мардум ва донишмандон аз ҷониби шоҳ Ҷамшедшоҳ дар ҳазораи 3-2 қабл аз милод[4]; нахустин эътироф ва эъломи ҳуқуқи инсон ба озодии ҳаракат, ба озодии виҷдон, ба интихоби озоди маскан аз Эъломияи Куруши Кабири соли 539 қабл аз милод[5]; истифодаи таҷрибаи танзими муносибати баробарҳуқуқи мард ва зан дар асоси шартномаи никоҳи тоҷикон (намуна шартномаи Дугдонча ва Уттегин соли 710 дар Суғд)[6] ва ғ., ки ҳоло низ ҷой ва мавқеи сазоворро дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории давлатҳои мутамаддин ишғол намудаанд, шаҳодати гуфтаҳои болост.

     Кодификатсияи қонунгузории Куруши Кабир соли 539 қабл аз милод, ки дар омезишу гуфтугӯи ҳуқуқии тамаддунҳои қадима нахустин кӯшиши меросияти ақлонии инкишофи ҳуқуқи ҷаҳони куҳан ба шумор мерафт, танҳо пас аз ҳазор сол роҳ ба тамаддуни Ѓарбӣ ёфта, дар шакли кодификатсияи Юстиниан соли 539 милодӣ рӯи кор омад. Ҳатто қисмати дигари он: эътирофи ҳуқуқи кӯдаки тавлиднашуда чун субъекти мустақил, эътирофи расмии нахустин шартномаҳои гражданӣ ва мутобиқ омадани ният ва мақсади шартнома ба шакли он аз Авасто; ҳимояи тозагии об, муҳити зист ва ҳуқуқи ҳайвонот аз Вандидод (қисмати Авасто)[7]; таҷрибаи нахустин академияи тиббии Гундишопур дар ҷаҳон ва даҳҳо дигар дастовардҳо ба тамадунҳои яҳудию ҳиндӣ, юнонию римӣ (эллинистӣ) ва дигар шоҳроҳҳои инкишофи дунёи қадим роҳ ёфта[8], ҳангоми бархӯрии ақлонии тамаддунҳо, ҳамагӣ чун пурракунандаи норасоиҳои зеҳнӣ ба ҳаёти қавму қабоили мухталиф ворид гардида, дар кушодани гиреҳҳои ҳуқуқӣ ва пешбурди кори кишвардорию ҳуқуқэҷодкунии миллатҳои мухталиф хизмати босазо намуда истодаанд.

     Хотираҳои ҳуқуқии урфию анъанавӣ, зардуштию буд­доӣ, исломӣ ва шӯравӣ ҳар як ғизои маънавӣ ва иҷтимоии хосаи ҳаётиро ба аҷдоди ин миллат дар масири таърих пеш­ниҳод намудааст. Дар ин паҳно бузургони созанда ва эҷод­гари мо нақши боризе дар шаклгирии низом ва оилаҳои ҳуқу­қии мазкур дар масири таърих гузошта, дар оламгирию нуфузи онҳо ҳамчун фарзандони содиқу вафодор хизматҳо кардаанд. Имрӯз бо мурури замон фалсафаи ҳуқуқи зардуштию буддоӣ ва исломиро бидуни нақши тоҷикон тасаввур кардан номумкин аст. Агар фарзандони ин халқи бузург намебуданд, ба гумон аст, ки зардуштия ва таълимоти фалсафию ҳуқуқии он тавлид шуда, дар масири таърих оламгир мешуд. Сарчашмаҳои олӣ ва хеле ҳам ҳаётии он аз Авасто сар карда, то «Дадистони меноги хирад»,[9] «Мотикони ҳазордастон», «Андарзҳои Анӯ­шервон», «Шояст ва нашояст» ва «Хвешкори редагон»[10] ҳама қисмате аз дастоварду заҳмати ақлонии фарзандони равшанфикри ин халқ дар ибтидои тамаддуни инсонӣ маҳсуб мешуданд.

     Ин миллати реша ба таърихи бостонидошта аз ибтидои тамаддуни инсонӣ, он замоне, ки аксари халқу миллатҳои оламгири ин замона ҳаёти бешагию бо барги дарахтон пӯшидани шармгоҳи худро акнун ёд гирифта истода буданд, ба авҷи олии инкишофи давлатдорӣ, ҳуқуқ­эҷодкунӣ расида, эътирофи ҳаққи ҳаёти кӯдакро аз батни мо­дар оғоз намуда, тарбияи ҳуқуқии тифлро аз лаҳзаи роҳравӣ ва сухангӯӣ оғоз кард. Сарчашмаҳои ҳуқуқии Авасто, «Шояст ва нашояст» ва «Хвешкори редагон» дар аҳди тамаддуни ҳуқуқии зардуштия ҳуқуқ ба ҳаёти кӯдаки дар батни модар бударо ҳифз карда, тарбияи маънавӣ ва ҳуқуқии ӯро аз лаҳзаи хурдсолӣ масъалагузорӣ намуда буд. Андешаи нек доштан нисбат ба ҳама ва ҳодисоти олам, сухани нек гуфтан нисбат ба ҳама ва амали нек кардан дар муносибат ба ҳама аз расмиёти ҳатмии фарзандони аввалияи ин халқ буда, таълими ростгӯӣ, аспсаворӣ, камонзанӣ ва ҳимояи марзу буми ватан аз таълимоти ҳатмии ҷавонони даврони бостонии ин миллат будааст. Ҳанӯз миёнаи ҳазораи яки қабл аз милод модарону устодон фарзандони ин халқро одоби ба мактаб рафтан ва аз дарс омадан, тартиби меҳнат карданро таълим медоданд.

    Даврони тамаддуни ҳуқуқии исломӣ дар зиндагии тоҷик як сафҳаи хеле хотирмон, рангин ва пурғановат аст. Фалсафаи одамгароии исломӣ, ҳақшиносии воло, усулҳои кашфи дод ва адл дар ҷомеаи инсонӣ ва тарбияти неки инсонӣ, ки аз ҷавҳари сарчашмаҳои исломӣ – Қуръон, ҳадис, иҷмоъ ва иҷтиҳод мабдаъ мегирифт, ба равшанфикрони мо имкони мусоиди такмили андешаи илмӣ ва динӣ фароҳам овард. Бо вуҷуди ҳама нобасомонию гиреҳҳои таърихӣ тоҷикон тавонистанд ҳамчун созанда, эҷодгар ва муаллифони комили назария ва ғояҳои консептуалию наҷотбахши исломӣ вориди тамаддуни исломӣ гарданд. Онҳо на танҳо барои мардуми хеш, инчунин барои кулли мусулмонони ҷаҳон ва мардуми араб – соҳибони аслии дин хизматҳои хеле арзанда ва наҷот­бахш намуданд.

    Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид намуданд, ки «Мояи ифтихор аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар халқҳои мусулмон дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ саҳми арзанда ва барҷаста гузоштааст».[11] Дар воқеъ ислом бо ҳама бузургию оламгириаш назди фарзандони барӯманди миллати тоҷик – Салмони Форс, Имо­ми Аъзам, Имом Бухорӣ, Муслими Нишопурӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Муҳаммади Ѓаззолӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Мавлонои Балхӣ, Абӯмансури Мотуридӣ, Муҳаммади Шайбонӣ, Абӯбакри Самарқандӣ, Ҷоруллоҳи Замахшарӣ, Абӯюсуфи Самарқандӣ, Бурҳониддини Марғелонӣ ва садҳо дигарон масъулиятҳо дорад. Дар бораи нақши ҷаҳонгирии ислом ҳарф зада, нодида гирифтани нақши Имоми Аъзам дар ривоҷи таълимоти мазкур ба кишварҳои ғайриарабӣ изҳори назар намудан беадолатист.

      Вале ин ҳама бузургию матонат дар роҳи эҷоди ҳуқуқи адолатнок, ақидаҳои олии инсонгароёна бо тамоми дастовардҳои бузурги тамаддуни исломӣ натавонистанд бори маданияти давлатдории тоҷиконро дар тамоми қарнҳои ҳазораи ду ба манфиати халқ ва миллати тоҷикон ҳифз намоянд. Мутаассифона, халқият ва миллате, ки чунин таҷрибаи бойи таърихии ҳуқуқэҷодкунӣ ва идораи давлатиро дошта, ба оламиён чандин нобиғаҳои илму фанро тақдим намудааст, бо амри тақдир ва таърихи талх садсолаҳо аз сари қудрати сиёсӣ дур гардида, сарзаминҳои аҷдодии худро аз даст додааст…

Ба қавли шоир ва баҳри маърифати ирфонӣ Абдулқодири Бедил:

Дил ба андози ғубори нола аз худ рафтааст,

Решаи мо ҳар қадар бар хеш болад, дона нест.[12]

Чаро? Сари ин муаммо бояд ҳама зиёиёни мӯҳтарам, ки миссияи таърихиашон наҷот додан, мушкилиҳоро осон намудан аст, якҷо фикр намоянд. Андеша намоем, ки чаро қавмияте бо чунин дастовардҳои беназири илмӣ аз ӯҳдаи соҳибихтиёрии кишвар ва мулки хеш набаромад? Ё чаро миллати решабатаърих ва куҳан, ки ба ҷаҳониён мактабу маориф, илму ахлоқ додааст, бузургии худро ҳамчун давлати анъанавӣ дар масири таърих ҳифз накард?!

         б) манфиатҳои умумимиллӣ ва арзишҳои таърихӣ  

      Вале имрӯз, ки бо амри тақдир ва шарофати таърих мо соҳиби давлати мустақил шудем, дорои пешвои миллӣ гашта давлат ва миллатамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардем, вале ҳанӯз ҳам каҷравиҳо дар ҳаёт ва ҷаҳонбинии илмии мо шиддат шиддат дорад. Андеша, фикрҳо ва назарҳо озод шуда, мавқеъ ва мақоми худро дар майдонҳои илмию ҳавзаҳои маърифатӣ ҷустуҷӯ доранд. Гурӯҳе аз ин ҳолат сӯистифода намуда, қудрат ва ҳокимияти давлатиро мехоҳанд ба ин мубоҳисаҳо ва муноқишаҳо кашанд, ин раванд ҳам аз хориҷ ва ҳам аз дохил эҳсос мешавад. Чӣ бояд кард? Дурусттарин ҳидоят ва беҳтарин насиҳатро дар ин ҷода Роҳбари давлат ба аҳли уламо карданд, ки он аз таърихи талхи халқи тоҷик сабақбардорӣ шудааст:

«…Ҳуқуқу озодиҳо касеро аз масъулият дар назди қонун ва неъмати истиқлолияти давлатӣ, таърихи миллат ва дигар манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон озод намесозад.

     Ҳама гуна ҳуқуқ ва ҳама гуна озодиҳо аз чаҳорчӯби муқаддасоти миллӣ, ки Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътироф кардаанд, берун баромада наметавонад»[13].

      Имрӯз мо бештар ба ифтихор аз таърих такя намуда, аз сабақомӯзию меросбарии он оҷиз мондаем. Миллат ва давлате, ки ояндаро дидан мехоҳад, аз таърих сабақ бардошта, мероси таърихиро зинда нигоҳ бояд дорад. Дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиати миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар гирад. Таҳлили ҳодисаҳои таърихии халқҳо бо дигар нукоти раванди сиёсӣ ва инкишофи афкору интихоби арзишҳои ҳуқуқӣ равшан менамояд, ки дар масири таърих ва фазои ҳуқуқии олам гарчанде арзиши ватандӯстӣ, миллатгароӣ ва хештанпарастӣ табиатан дар муқобили одамгароӣ, инсондӯстӣ, баробарию озодӣ маҳдуд ҳам бошад, нақши он дар бунёду асолати давлати соҳибихтиёр, ояндаи фарзандони миллат ва дурнамои халқ аз ҳар ҷиҳат қимматтар ва бузургтар аст.

     Ҷои он, ки имрӯз фахр аз бузургону мутафаккирони гузашта намоем, бояд диққат дод, ки чӣ тавр онҳо он замон ба ин мартаба расидаанд, кадом омилҳоро истифода намуданд ва аз кадомаш рӯй гардонданд, бо арзишҳои муқобил чӣ тавр истодагарӣ кардаанд ва дар асоси он имрӯз мо чӣ тавр бояд бузургону абадқудратонро дар ҳаёт ташаккул диҳем, онҳоро қадр намоем.        

      Бояд аз ёд набаровард, ки мерос, одатан ба меросхӯре поянда мегузарад, ки агар ӯ сифати меросдиҳандаро дошта бошад. Сифатҳое, ки онҳоро ҷаҳонӣ кардааст, ин илму донишро гиромӣ доштан, адлу инсофро чун қонуни зиндагӣ парастидан ва таъмин намудан, мавқеи ақлу хирадро дар майдони муносибатҳои иҷтимоӣ шинохтан, қадршиносӣ аз бузургон кардан, тарбияи фарзандонро аз 5 сола то 20 сола дуруст ба роҳ мондан, ватанро дӯст доштан, қонун ва амри давлатро риоят кардан, роҳбарро эҳтиром гузоштан, ба қадри дӯстон расидан, хидмати падару модарро ба ҷо овардан, ятимону барҷомондагонро дастгирӣ кардан, таърихро гиромӣ доштан ва сиёсати некӯ  ҳасана бо мардуми олам намудан будааст. Агар хоҳем, ки меросбари аслии ин тамаддунҳои оламгир шавем, пас бояд дар ниҳоди худ, дар замири миллат ва фарзандонамон ин сифатҳоро тавлид ва тарбия созем. Зеро таърихи халқ ва тамаддунҳо низ мисли ҳамон меросдиҳандааст, ки дар меросхӯрон сифати худро, маърифати худро бо ояндабинию устуворӣ ҷустуҷӯ менамояд, меросро ба касе медиҳанд, ки нерӯи бардоштан, ҳифз кардан, рушд ва амонати онро дошта бошад. Дар акси ҳол фарзандони тамаддуни оламгир бо мурури замон на танҳо аз пешдастии замона, балки аз мероси таърихии худ маҳрум мегарданд.

Маликушшуаро устод Рӯдакӣ дуруст  фармудаанд:

Оҳ дареғо, ки хирадмандро,

Бошад фарзанду хирадманд, не.

Гарчӣ адаб дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд не.

     2) Сирояти усули омӯзиши мӯҳташамии таърихӣ   

   Бузургон ва нухбагони илму адаби мо ба мо зиёд васиятҳо кардаанд, ки дар чунин шароити ноорому ҷаҳонгирии ғаразҳо чи гуна бошему ба кӣ пайравӣ намоем. Мушкилии ибтидоии мо он аст, ки аз ин мероси гаронбаҳо мо ва мардуми мо ғизои дурусти маънавӣ бардошта наметавонем. Чаро? Аввал ин, ки мо дар шинохти таърих бештар гирифтори усули мӯҳташамии таҳлили ҳодисоти таърихӣ гашта, муҳаққиқони расмию ғайрирасмии мо масти дастовардҳои таърихӣ шуда, дар паҳнои илм ва дин кӯшиши гузаштаро дар хизмати муосир қарор додан менамоянд.

      Ин раванд дар ниҳояти кор ба қавли Ф. Нитсше «таърихро ба қабристони имрӯзиён табдил медиҳад»[14]. Бузургони илм дуруст таъкид намудаанд, ки муаррифии мӯҳташами таърихи гузашта бо истифодаи қиёс, агар аз як ҷониб ҷасуронро бо муаррифии ҳодисоти параллелҳои таърихӣ ва қаҳрамониҳо ба фидокорию қаҳрамонии бесарҳад ҳидоят намояд, аз ҷониби дигар рӯҳбаландӣ, илҳом ва завқро ба таассуб табдил медиҳад. Ба қавли Нитсше «агар чунин таърих ба сари худпарасту худбинони боистеъдод ва бадкорони хаёлпараст ворид шавад, бенизомӣ, ҷангҳо, инқилобҳо сар зада, «самараи таърихӣ дар худ» – «натиҷаҳои бесабаб»-ро дар ҳаёти воқеӣ зиёда мегардонад».[15]

       Мо эътироф менамоем, ки аломатҳои таърихӣ ва ғайритаърихӣ якзайл ба сиҳатии инсони ҷудогона, халқ ва фарҳанг (Нитсше Ф.) шарт ва зарур аст.[16]  Вале бартарӣ ва афзалияти яктарафа дар шинохти арзишҳои таърихӣ ва ғайритаърихӣ барои ҳар организми зинда фалокатбор аст.

     Дуюм ин, ки мо аз усули таҳлили танқидии таърих ва арзишмандии сабақҳои он ба маврид истифода намоем. Тавонем, ки таърихи халқро ба ҳукми додгоҳи ақл зери манфиатҳои миллат ва давлати муосир кашем, камбуду норасоиҳо ва омилҳои зояндаи ӯро таҳлил намуда, ошкор созем, то ин ки дар оянда дар гардишҳои таърихӣ ба иштибоҳ роҳ надиҳем. Нодурустии муносибат ба таърих ва нобаробарии истифодаи усулҳои омӯзиши гузашта дар соҳаҳои мухталиф моро ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кардааст.

    Сирояти усули мӯҳташамии таърихӣ ба мафкураи зиёии муосир ба он дараҷа зиёда гардида, олимони мӯҳтараме, ки ба таърихи соҳаҳои илм назар менамоянд, дар саргумӣ буда, ҷои бардошт ва эҳёи нуктаҳои созандаи арзишҳои таърихӣ- илмӣ, ғоя ва усулҳоеро ҳамчун хулосаи корҳои илмӣ ба маърази хонанда пешниҳод менамоянд, ки аз истифодаи он на танҳо ҷомеаи муосир фоида ба даст намеорад, инчунин асосҳои низоми устувори ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва идории кишварро латма мезананд. Онҳо ба қавли худашон «аз таърих шӯъла мегиранд, на хокистар». Аммо дар асл ин ҳикматро айнан қабул кардаанд, ки оташи овардаашон ба сӯхтани низому тартибот ҳидоят дорад.  Ҳол он, ки ҳикмати «гирифтани оташ аз таърих на хокистар» ба маънии ҳаёт, пешравӣ, гармӣ, асосҳои рушддиҳанда ва нуру рӯшноӣ аст, на чизи дигар. 

       Иддае аз муҳаққиқон  сарамасти дастовардҳои таърихӣ гардида, воқеияти имрӯзро аз ёдашон мебароранд. Онҳо мантиқи одии зиндагӣ, ки таърих такрор намеёбад, ва он аз ҳодиса ва унсурҳои такрорёбанда иборат астро фаромӯш карда дар ҳалли баъзе мушкилу норасоиҳои ҳаётӣ даст ба домони усулу воситаҳои таърихӣ заданӣ мешаванд. Албатта, аз таърих сабақ бардоштан, арзишҳои волои бидуни сарҳади онро эҳё кардан ва расму оини фарҳангии онро эҳтиром гузошта ҳифз кардан яке аз  манбаъҳои рушди ҳастии халқу давлатҳост. Вале дар ин роҳ зиёдаравӣ намудан, паҳнои зиндагии имрӯзи халқҳо, воқеият, манфиатҳои давлату миллат ва шоҳроҳи зиндагии мардумро, ки Конститутсия  муайян кардааст, нодида гирифта ба тақлид аз мӯҳташамии таърихӣ  ба ислоҳи зиндагӣ  даст задан, ба талаботи нав ва рушди ҷомеа мафкураи таърихиро ба ҷанг ва муноқиша кашидан аст. Ин хатари ҷиддӣ аст, ки зарари он аз ҳар бетартибии дигари иҷтимоӣ барои миллати соҳидавлат вазнинтар аст.  

        Ҳамин тавр, иддае аз муаррифкунандагони мероси фарҳангии мо бештар ба нуктаҳое такя менамоянд, ки онҳо на ба сохтану бунёд кардану васл намуданҳо, балки ба сӯхтану вайрон кардану фасл карданҳо хидоят доранд. Онҳо ҳикмати Мавлоноро «Мо барои васл кардан омадем, На барои фасл кардан омадем»-ро ҳанӯз дар худ ҳазм нанамуда, васияти Устод Рӯдакиро ҷиддӣ қабул накардаанд: 

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

         3) «Миллият ва диният» мероси талхи таърихӣ ва ё сирояти бемории муосир ба  тафаккури зиёӣ

       Яке аз мушкилиҳои фазои маънавиёти имрӯзи кишвар, ки ба раванди таҳкиқотҳои илми таърихӣ-ҳуқуқӣ таъсири қавӣ дорад ин   таносуб ва ё афзалияти мансубияти миллӣ ва динӣ дар тафаккури зиёии муосир аст. Андеша ва ғояи миллият ва диният, ки бо хазинаи ғании арзишҳои миллӣ ва динии худ тимсоли ду ҷаҳонбинии комил дар масири таърих нақши муассирро дар шаклгирии навъҳои давлату ҳуқуқ доро буд, дар замони истиқлолият дар заминаи демократия ва озодиҳо зери таъсири омилҳои мухталифи дохилию хориҷӣ рангин ва эҳсосотӣ гашт. Усулан ду арзиши номбаршуда зуҳуроти мусбати давронҳои мухталифи таърихист, ки ҳамчун хотираи неки таърих дар замони муосир дар баҳодиҳии зиёд аз масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар қиболи якдигар истодаанд.  Зеро миллат ва дин худ аз шаклҳои шуур ва ҳастии ҷамъиятанд, ки дар даврони мухталиф ба мазмунии комилашон пайдо шудаанд.  Аз ин хотир, дар ҳолати муқобил омадани вазифаҳои танзимии ин падидаҳо мутахассисон бештар ба усули инкор ва афзалият рӯ меоранд, ки на ҳамеша натиҷа медиҳад.

       Ин ҷо ба ду масъала диққати ҷиддӣ додан шарт ва зарур аст. Аввал ин, ки мо дар масъалаи диндорӣ ва имондориамон дар фазои имрӯзи Тоҷикистони мустақил мушкилӣ надорем. Замоне дини ислом ба воситаи муборизаҳо ва муноқишаҳо табдил дода шуд, мардум эътиқод ва имони худро озод амалӣ карда наметавонист. Муҳимтарин рукни имондорӣ – калимаи шаҳодатро озод садо дода наметавонист. Дини худро ифшо кардан хатар дошт. Гузашт он рӯзҳо. Имрӯз давлат ҳама шароитҳоро пешниҳод кардааст. Конститутсияи давлати демократии Тоҷикистон озодии виҷдон ва эътиқодро эълон ва кафолат додааст. Озодии эътиқод, пайравӣ аз маросимҳои динӣ, мавҷудияти беш аз 4000 масҷид, донишкадаи исломӣ, гимназияи исломӣ ва амсоли инҳо ҳама аз истиқлолияти давлати миллӣ ва мавҷудияти унсурҳои миллати соҳибдин аст.

     Дар ҳақиқат, ҷанбаҳои худшиносии миллӣ ва манфиатҳои миллӣ маҳз пойгоҳе шудаанд, ки дар он озодиҳои динӣ, урфу одатҳои динию миллӣ ва дигар арзишҳои миллат, ки дар созиши байни манфиатҳои халқу дин дар масири таърих рушд кардаанд, эҳё ва ҳифз карда мешаванд. Аз ин хотир, эътирофи афзалияти арзишҳои миллӣ вобаста ба зарурат ва шароити таърихӣ, амри зарурӣ аст. Зеро маҳз афзалияти миллӣ арзишҳои диниро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ ҳифз ва кафолат медиҳад. Аммо афзалияти арзишҳои динӣ бо космополитизми эътиқодӣ ва инсонии худ он тавре, ки дирӯз ва имрӯз собит кардааст, таҳдиди маҳв намудани унсурҳои миллиро дорад. Маҳв намудани унсур ва арзишҳои миллӣ барои миллати ҷавони соҳибихтиёр, ин маҳв намудани пояҳои давлатдорӣ ва эътиқодии ӯст, ин маҳв ва инкор намудани мазҳаб ва таҳаммули арзишҳои динист.

       Дуюм он, ки масъалаи ба ҳам кашидани мухолифати арзишҳои миллӣ ва динӣ масъалаи нав нест. Ин масъала аз нигоҳи шартӣ кӯҳна буда, ҳанӯз аз даврони берун шудани дини мубини ислом аз нимҷазираи араб ва бархӯрди он бо халқу миллатҳо ва тамаддунҳои гуногуни урфу одат ва забону фарҳанги мухталифдошта дар шаклҳои омехта рӯ зада буд. Дар асл ин масъала дар масири таърих дар чаҳорчӯби ахлоқ, маърифат ва фарҳанги ҳамзистӣ аз ҷониби бузургони мо, аз Имоми Аъзам ва устод Рӯдакӣ сар карда, то Ҳусайн Воизи Кошифиву Мавлоно Ҷомӣ, баъдан Бедилу Аҳмади Дониш ҳалли худро ёфта буд.

      Мақом ва махсусияти истифодаи урф, одат, анъана ва дар маҷмӯъ менталитети халқи мо тавассути шахсиятҳои маъруф ва зиёиёни комил дар масири таърих аз роҳи мазҳаби ақлонии ҳанафӣ дар доираи қонунияти мутобиқат ба арзишҳои исломӣ вориди ҷаҳонбинии исломӣ гардида, тамаддуни исломӣ ва фарҳанги диндориамонро ғанӣ намуда, забон ва адабиёти тоҷикро оламшумул кард. Ҳавзаи мовароуннаҳрии фиқҳи ҳанафӣ таҳаммулноктарин шохаи мазҳаби ҳанафӣ ба шумор рафта, дар муқоиса бо ҳавзаҳои ироқӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва мисрӣ пешқадам, ислоҳотгаро, мутобиқ ба табиати замон рушдкунанда буда, муносибати неку ҳасанаро бо ҳама қудратҳои бумию хориҷӣ ва салтанатҳои ҷаҳонии минтақа доро буданд. Муҳаққиқони ҷавони моро зарур аст, ки маҳз атрофи ҳамин масъалаҳо дар паҳнои таърихӣ таҳқиқотҳо баранд, исбот созанд, ки арзишҳои фарҳангӣ ва динии мо ҷонибдори сулҳу субот ва созандагию ҳамкорӣ бо давлат буда, дар ҳеҷ сурат ҷонибдори нотинҷӣ, куштор ва ифротгароӣ набудаанд. Ҳар он кас ки ба чунин амалҳои зишт даст мезанад, мардум бояд донад ки ӯ аз мо ва аз мазҳаби таҳаммулпазири аҷдодони мо нест.  

 Зеро тундравию суннатгароии архаистӣ, ҷараёнҳои ифротӣ, маҳз ҳамон нуктаи ҷудогонаи сарчашмаҳои таърихиро барои собити назари худ бурида гирифтаанд, ки қаробат бо арзишҳо ва сарчашмаҳои динӣ доранд. Албатта, беҳтарин роҳи муборизаи қонунӣ бо чунин иллатҳои иҷтимоӣ татбиқи бемайлони қонуни давлат аст, ки ҳамагуна манифатҳо  назди он қурбон бояд шаванд. Аммо чун таҳдид ба раванди тартиботи иҷтимоӣ ва низоми қонунгузорӣ бо омезишёбиҳои таърихӣ ва мафкураи динӣ сурат мегирад, дар шароити муосири тантанаи озодиҳо ва демократия,  такя намудан танҳо ба қонун кифоя нест. Аз ҷониби дигар, мафкура ва менталитети миллӣ, эҳсосоти ҷамъиятии мо низ ниёз ба асосноккунонии эътиқодиро тақозо дорад. Пас илми муосир низ дар ин самт бояд кор кунад.

   Дарёфт ва таҳлили нуктаҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва диние, ки чунин тундравон, ифротиён ва фитнагаронро саркуб карда, барои тинҷию амонии мамлакат ва сиёсати созандаи Бунёдгузори давлати миллӣ мусоидат менамояд, бояд яке аз самтҳои таҳқиқотҳои илмӣ бошанд. Фарҳанги мо, мазҳаби мо ва расму оини миллати мо чунин унсурҳои мусбат ва сабақомӯзро зиёд дорад. Сабру таҳамммул, некию накӯкорӣ, эҳтироми низому тартибот, итоат ба ҷамоат, дастгирии ҳамдигар ва эҳтироми падару модар, хурду бузург, миллатҳои дигар ва пайравони динҳо аз нуктаҳои асосии таълимоти мазҳаб буд. Мазҳаби аҷдодӣ дар муносибати нек бо давлат қарор дошта, ба ҳеҷ сурат ба сиёсат олуда намудани ислом ва эътиқодро намепазируфт. Бузургтарин, некӯтарин ва арзишмандтарин нуктаи ин ақида дар масъалаи низоми иҷтимоӣ, ки аз Имоми Аъзам, Мотуридии Самарқандӣ,  Имом Насафӣ, Абуҳафси Кабири Бухорӣ ва Абулҳакими Самарқандӣ то ба мо расидааст, маҳз инкори сиёсӣ намудани дин ва эътиқод аст.  Итоат ба низому тартиб, ба Роҳбари давлат аз рукнҳои муҳимми иймондарӣ дар мазҳаби мо шинохта шудааст. Ин нуктаҳо бояд дар маркази таҳқиқотҳои илмӣ қарор гиранд.

Вале дар интиҳои даврони шӯравӣ озодиҳою ошкорбаёниҳои горбачевӣ ва сӯистифода аз рӯҳониён шароит фароҳам овард, ки рукнҳои сиёсишудаи исломи ҳанафии ироқӣ, мисрӣ ва покистонӣ бо ақидаи ашъарӣ вориди кишвари мо гарданд. Ба андешаи инҷониб онҳоеро, ки мо он замон ваҳҳобӣ ва ҳоло салафӣ мегӯем, дар асл аз мазҳаб не, балки аз ақида ҷониби ақидаи бегона гашта, бо чанд далелу омилҳо сиёсикунонии исломро пазируфтанд. Ақидаи Ашъарӣ бо ақидаи Мотуридӣ дар масъалаҳои сирф ақидавӣ умумияти беандоза дорад, вале масъалаҳои ақидавии тобиши иҷтимоӣ дошта, тафовутҳо доранд. Маҳз ҳамин нукта ин гурӯҳҳоро ба ҳам муқобил намуд. Баъдан зери таъсири сиёсишавии ислом ва канорагирии давлат аз ин сиёсишавӣ ногузир майдони муборизаи арзишҳои динӣ ва миллиро воқеӣ кард.

       Гурӯҳу назарҳо дар ин майдон мухолиф арзёбӣ шуданд. Якеҳо ҷониби созиш ва паритети ин арзишҳо, дигарҳо афзалияти диниро ба арзишҳои миллӣ ва гурӯҳи сеюм баръакс бартарияти арзишҳои миллиро зарур донистанд. Албатта, ҳар дидгоҳ афзалияту нақси худро дошт. Вале таҷриба, воқеият ва пешомади садсолаҳои наздик ногузирии бартарияти арзишҳои миллиро масъалагузорӣ мекард. Ҳатто саромадони инқилобҳои исломӣ, ки сараввал бо номи ислом мардумро ба кӯчаҳо рехтанд, пас аз гирифтани қудрат бо эътирофи афзалияти арзишҳои миллӣ қоил гашта, дигар аз афзалиятҳои диниро ба қафо гузоштанд. (Ишора ба Оятулло Хумайнӣ). Ва ё дар худи кишварҳои арабӣ ба осонӣ пай мебарӣ, ки чи тавр манфиатҳои миллӣ   авлавияти худро тавассути қонунҳои миллӣ дар сари ҳар қадам собит менамоянд. Вале ин ҳама ба тафаккури аз зиндон озодшуда ва  ба паҳнои космополитизми динӣ роҳ ёфтаи гурӯҳе хеҷ асар надошт. 

       Миллат ва халқе, ки дар мазҳаб ва таърихи худ афзалияти манфиатҳои миллӣ ва давлатии худро нисбат ба ҳамагуна тобишҳои динӣ собит карда буд, хостанд ба табдили арзишҳо кашанд. Нашуд… инак бо мурури замон, шукр, ки ин нукта тибқи талаботи қонун дар мо ҳалли худро ёфтааст, инчунин аз ҷониби зиёде аз донишмандон ва зиёиён масъала ҳалли дурусти пайдо кард. Донишманди шинохта Абдунабӣ Сатторзода ҳақиқатнигорона менависад: «Дар ин баҳс ҳақ ба ҷониби онҳое мебошад, ки бартарии худшиносии миллиро бар худшиносии динӣ мепазиранд. Боиси хурсандист, ки дар Тоҷикистон маҳз ҳамин гуна фаҳмиш имтиёз дорад ва он сазовори омӯзиш ва тарғиб мебошад.»[17]

       Дар воқеъ чунин дидгоҳ аз иродаи халқи Тоҷикистон, ки дар Конститутсия ҳамчун роҳи идораи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян шудааст, маншаъ мегирад. Зеро афзалияти арзишҳои динӣ ба миллӣ дар умқи масъала дуршавии мардумро аз роҳи интихобкарда, аз манфиатҳои миллӣ ба миён мегузорад. Ин ҳолат ҷанбаи бегонапарастӣ ва таассуби диниро афзун намуда, халқро аз арзишҳои меҳварӣ, таърихӣ ва миллиаш дур сохта, соҳибихтиёрӣ ва ҳокимияти миллати таҳҷоиро дар ватани худ зери суол мебарад. Пасманзари ин ҳолат ба мушкилии дасткашӣ аз фарҳанги ғанӣ, таърихи бой, рӯҳи қаҳрамонони миллат аз як ҷониб, аз ҷониби дигар ба дуршавӣ аз таҷрибаи бойи пешрафтаи ҷаҳонӣ хоҳад бурд.

      Аз ин хотир, зиёиёнро зарур аст, ки дар чунин шароит, ки Роҳбари давлат бо иродаи халқ роҳи таърихии миллатро муайян карда, ҳифз менамояд, аз ҳарвақта дида бояд муттаҳидтар, хирадмандтар ва дастаҷамъона пуштибонӣ аз ин роҳи рост намоянд. Моро зарур аст, ки ҳар нуқта, ҳар кашиши ноҷо ва ҳар монеаҳои сохтаи бо ном «дӯстонамонро», ки дар роҳи давлати миллии мо гузоштанӣ ва ё канданӣ мешаванд, бо далелу бурҳони қотеъ решакан намуда, ба халқи шарифи Тоҷикистон фаҳмонем, ки маҳз арзишҳои миллиамон моро ҳамчун миллати дорои давлат, таърих ва фарҳанги ғанӣ бо эътиқоди қавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Маҳз арзишҳои миллиамон моро дар ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, амну субот ва соҳибихтиёрӣ ҳифз кардааст.

       Гаравидан ба таассуби динӣ ва ё худро дар оғӯши арзишҳои исломӣ яктарафа партофтан мушкилиҳои зиёди илмӣ, мазҳабӣ ва фарҳангию сиёсиро тавлид менамояд. Ҳақ аст, ки: «…таърихи беш аз чордаҳасра дар қаламрави дини ислом гувоҳ бар он аст, ки бо ин ҳама умумият ва куллигароӣ ин дини муқтадир натавонистааст, ки ихтилофоти мазҳабию қавмии дар миёни пайравонаш бударо рафъ намояд».[18] Биниши мазкур аз назари таҷрибаи эмпирикӣ аст, аз назари мантиқи илмӣ ва қонунияти рушди падидаҳои оламшумул чунин тазод ва ихтилофот амри табиӣ ва тақдири ҳастии чунин ҳодисоти фаромиллӣ аст. Аз ин назар, ҳар падидаи хурдтаре, ки худро ба оғӯши чунин ҳодисаи фароху оламгир мепартояд, сараввал худ ва баъдан тақдиру ҳастиашро ба боди нестӣ медиҳад. Мисли оне, ки як ҷурми хурди коинот ба ҷурми бузургтар пайваст мешавад, натиҷаи ин пайвастшавӣ марг ва нестии аввалист.

      Агар мехоҳем, ки давлате бо номи Тоҷикистон дошта бошем, миллате бо номи тоҷик муаррифӣ шавем, соҳибии таърихи бою фарҳанги ғанӣ ва абармардони халқамонро дар арсаи байналмилалӣ карда бошем ва барои худ тинҷию амонӣ низому тартибро ҳифз кардаю барои насли ояндаамон ҷомеаи обод, рушдкунанда ва саодатманд вогузор намоем, атрофи арзишҳои Конститутсияи кишвар муттаҳид шуда, роҳи демократӣ ва дунявияти давлатро ҳифз карда, афзалияти арзишҳои миллӣ ва умимидавлатиро аз ҳама неъматҳо таъмин намоем.


[1] Эмомалӣ Раҳмон, Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 19 марти соли 2015.

[2] Сарзамини таърихии аҷдоди муродифи Тоҷикистони таърихист, яъне минтақаҳое, ки аз қадим мардуми тоҷикзабон иқомат дошта, давлату давлатдории форсӣ тоҷикиро бунёд намудаанд.

[3] Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат. 4 июли соли 2013. С. 7.

[4] Низам ал-мулк. Сиасет-намэ. Книга о правлении вазира Х1 столетия. Перевод, введение в изучение памятника и примечания профессора Б.Н. Заходера. М-Л.1949. С. 44-45.

[5]Тахиров Ф.Т., Халиков А.Г. Декларация Великого Кира, как исторический источник о правах, свободах человека. // Духовная культура таджиков в истории мировой цивилизации. Сб.ст. – Д., 2002. – С. 113-126.

[6]Согдийский брачный контракт 710 г.См.: Согдийские документы с горы Муг. – Вып.11. -С.23.

[7] Халиков А. Г. Правовая система зороастризма. Душанбе, 2005. 488с.

[8]Мутаассифона на ҳамеша чунин таъсиррасонии мусбӣ аз чониби мухаққикони ғарбӣ баҳои воқеӣ мегирад. Вале онҳо ногузир сафҳаҳои дурахшон ва нотакрори чунин таъсиррасониро, ки ба тамаддуни баъдии онҳо нақши бориз дорад инкор карда наметавонанд. Ниг. А. Дж. Тойнби, Цивилизация перед судом истории. –М., 2003.-С.158-159 ; 274.

[9] Зороастрийские тексты. Суждения Духа Разума. Памятники письменности Востока. СХ1У. М. 1997. С79-121.

[10] Изведать дороги и пути праведных: Пехлевийские назидательные тексты. Введение, транскрипция текстов, пер. коммен., глоссарий О.М.Чунаковой – М.: Наука, 1991.-192с. -(Памятники письменности Востока, ХС1У).

[11] Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ бо аҳли ҷамоатчигии малакат. 4 июли соли 2013. С. 7.

[12] Мирзо Абдулкодири Бедил, Девони Мавлоно Бедили Дехлави. Бо ихтимоми Хусайни Охи. Техрон 1371х., С. 366.

[13] Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат. 4 июли соли 2013. С.11.

[14] Фридрих Ницше. О пользе и вреде истории для жизни. М.АСТ Минск Харвест. 2008. –С.10.

[15] Фридрих Ницше. О пользе и вреде истории для жизни. М.АСТ Минск Харвест. 2008. –С.24.

[16] Фридрих Ницше. О пользе и вреде истории для жизни. М.АСТ Минск Харвест. 2008. –С.11.

[17] Сатторзода А. Дар бораи таносуби худшиноси динӣ ва миллӣ. Дин ва ҷомеа. №1. С.21.

[18] Сатторзода А. Дар бораи таносуби худшиноси динӣ ва миллӣ. Дин ва ҷомеа. Душанбе 2015. №1. С.21.