Шарҳи мухтасари китоби
нави дарсии профессор Р.Ш. Сотиволдиев
«Назарияи давлат ва ҳуқуқ» (Душанбе: «Империал-Групп», 2014. – 720 с.)
Назарияи давлат ва ҳуқуқ илми заминавии назариявӣ ва методологии ҳуқуқшносӣ буда, барои омодагии касбии кадрҳои ҳуқуқшинос аҳамияти муҳим дорад. Боиси хушнудист, ки бо қалами яке донишмандони илми назарияи давлат ва ҳуқуқ – профессор Р.Ш. Сотиволдиев китоби нави дарсӣ омода шудааст. Он, дар муқоиса бо китобҳои қаблии муаллиф, масъалаҳо ва проблемаҳои нави илмӣ ва амалиро фаро мегирад. Дар китоб омузиши бобҳои нав, аз чумла оид ба давлати ҳуқуқбунёд, давати иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, низоми сиёсӣ, техникаи ҳукукӣ, ихтилофоти ҳуқуқӣ пешбинӣ мешавад. Ҳамзамон мазмуни бобҳои дигари китоб низ комилан тағйир ёфта, мафҳумҳои нави давлат, ҳуқук, шаклҳои давлат, дастгоҳи давлат, амалисозии ҳуқуқ, татбиқи ҳуқуқ ва ғ. пешбарӣ мешаванд. Қобили зикр аст, ки дар китоб конунгузории миллӣ ва хориҷӣ, аз чумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии далватҳои имрӯзаи ҷаҳон, аз қабили ИМА, Франсия, Арабистони Саудӣ ва давлатҳои дигар васеъ истифода шудаанд. Зимни истифода аз усули муқоисавӣ ҳуқуқӣ муаллиф хусусиятҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои гуногун, аз он ҷумла Тоҷикистонро муайян мекунад. Усули муқоисавӣ ҳамчунин зимни таҳлили пайдоиши далватҳои Шарқ ва Fapб, таҷрибаи давлатдории шарқӣ ва ғарбӣ, низомҳои ҳуқуқии давлатҳои мухталифи ҷаҳон, оилаҳои ҳуқуқии ҷаҳони муосир истифода мешавад.
Китоб донишҷӯёнро бо донишҳои илмии методологӣ, қонуниятҳои умумии инкишофи воқеияти давлатию ҳуқуқӣ, аз ҷумла маълумоти нави илмӣ оид ба пайдоиши давлат ва ҳуқуқ, назарияҳои гуногуни давлат ва ҳуқуқ, инкишофи давлат ва ҳуқуқи муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва мураккаб гардидани проблемаҳои глобалӣ, таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватании инкишофи низоми давлатию ҳуқуқӣ, самтҳои сиёати ҳуқуқӣ, тамоилҳои инкишофи қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ шинос мекунад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзиши пояҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи худшиносии миллӣ, омодасозии кадрҳои нави ҳуқуқшиноси рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат дода мешавад.
Дар китоб аввалин маротиба вижагиҳо ва хулосаҳои муаллиф оид ба самтҳои инкишофи низомҳои ҳуқуқии давлатҳои пасошуравӣ дарҷ мегарданд. Айни замон ташаккул ва инкишофи ҳуқуқи аврпоӣ, ҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, имкониятҳои ташаккули фазои нави хуқуқӣ дар дохили Созмони ҳамкории Шанхай бо истифода аз далелхои илмӣ пешгӯӣ карда мешаванд. Дар китоб таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон, хусусиятҳои инкишофи низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, тамоилҳои рушди қонунгузории миллӣ, зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ зимни қабули қонунҳо ва ҳалли вазифаҳои умумидавлатӣ истифода ва муайян карда мешаванд. Дар китоб ақидаҳои нави муаллиф оид ба мафҳум, афзалиятҳо, принсипҳо ва шаклҳои сиёсати ҳуқуқии давлати Точикистон, самтхои инкишофи низоми сиёсии ҷумҳурӣ, роҳҳои ҳалли ихтилофоти хукукӣ, истифодаи техникаи ҳуқуқӣ дарҷ ёфтаанд. Ҳамчунин маводи меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумхурии Точикистон, карорҳои Хукумат, дигар санадхои меъёрии ҳуқуқӣ васеъ истифода мешаванд. Таваҷҷуҳи махсус ба конунхои миллӣ дода мешавад. Аз ҷумла, дар бобҳои дахлдори китоб таҷрибаи муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи конунҳои Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» истифода мешаванд, мувофиқи мақсад аст. Хуллас, китоби дарсии профессор Р.Ш. Сотиволдиев мазмуну мундариҷаи нав дошта, барои тарбияи кадрҳои ҳуқуқшинос аҳамияти муҳим дорад. Дар он методологияи нави таҳқиқи илмӣ, дастовардҳои навтарини илми чаҳонӣ, таҷрибаи ватанӣ ва хориҷии давлатию ҳуқуқӣ васеъ истифода шудаанд. Китоби нашршуда бешубҳа, барои такмили раванди таълим, расидан ба ҳадафҳои сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи маориф, густариши сатҳи шуур ва фарҳанги ҳуқуқии донишҷӯён мусоидат мекунад.
Камолов И.И.
Машарипов С.