Нимаи аввали рӯзи 7.04.2015 ҷаласаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он масъалаи таъсиси фраксияи ҳизб ва интихоби раиси фраксия дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Баъд аз муҳокимаи масъала аъзоёни ҳизби мазкур дар хусуси таъсиси фраксия ва интихоби роҳбари он қарори дахлдор қабул намуданд. Ҳамин тариқ, якдилона вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Вахш №32 Сафаров Бахтовар Амиралиевич ба ҳайси Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Мавриди зикри хос аст, ки фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 нафар вакилонро муттаҳид менамояд.
Садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабари мазкурро нек дарёфта, устоди кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафаров Бахтовар Амиралиевичро ба ифтихори интихоб шуданашон ба ҳайси раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ӯ дар иҷрои ин масъулияти пуршараф бурдбориҳоро орзуманданд.
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафаров Бахтовар Амиралиевич