Сафарзода Анвар – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ!

        Рӯзи 29 августи соли равон Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонд. Боиси ифтхор аст, ки дар ин миён мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафарзода Анвар Ислом бо  ҷоизаи таъсисдодаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сарфароз гардонида шуд.

        Аз ин рӯ, садорат, кулли устодону кормандон ва донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарзода Анвар Исломро ба ифтихори мушарраф гардиданашон бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ самимона табрик намуда, ба эшон саломатию саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи  илмию эҷодиаш ба нафъи пешрафти ҳаёти ҳуқуқии Ватани маҳбубамон бурдбориҳо таманно доранд.