Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пайваста чорабиниҳои сатҳи гуногуни илмӣ баргузор мегарданд.
Таърихи 16-уми ноябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими конститутсионализм» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Семинари мазкур бо сухани ифтитоҳии декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. оғоз гардид. Мавсуф ҳузури мубораки ҳамаи иштирокчиёни кори семинарро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба муносибати рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд. Зимни ироаи сухани муқаддамотӣ иброз доштанд, ки таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию субот дар ҷомеа аз беназиртарин ва арзишмандтарин дастовардҳое мебошанд, ки мардуми бузургу сарбаланди тоҷик бо шарофати заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи тоҷик, шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст.
Ҳамзамон таъкид карданд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва фазои сулҳу амнияти кишвар мо имрӯз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро, ки барои давлату миллати мо нақши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва конститутсионии давлатдории миллӣ саҳми арзанда дорад, ҷашн мегирем.
Сипас кори семинари илмӣ-амалӣ дар асоси барномаи омодагардида идома ёфта, дар он маърӯзаҳои устодон М.Сулаймонов дар мавзӯи «Инкишофи падидаи призедентсиализм дар Тоҷикистон», Ш.Камолов дар мавзӯи «Президент кафили Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷ.Ѓаниев дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ф.Бобоев дар мавзӯи «Роль Президента Республики Таджикистан в формировании современного правосознания таджикского общества» шунида шуд.
Зимни музокираҳо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки фарзанди бонангу номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва ғурури баланди миллидошта Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари давлат тавлид ва ӯро ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ҳидоят намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба душ гирифта ба наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат баст. Дар натиҷаи азму талош, кушишу пайкорҳои бемисл ва хизмату заҳматҳои арзандаи шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва Давлати тоҷикон сарбаландона рафъ карда шуд. Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон – шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Дар воқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд ҷавонмардона эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист ба ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки ғуруру ҳувияти баланди миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат – Сарвари маҳбуби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт.