Семинари илмӣ дар факултет

     Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пайваста чорабиниҳои гуногуни илмӣ баргузор мегарданд. Баргузор намудани чунин чорабиниҳои илмӣ имконият фароҳам меоранд, ки устодону донишҷӯён донишҳои худро такмил дода, дар ғанӣ гардонидани малакаи касбии худ саҳм бигзоранд.

      Таърихи 13-уми апрели соли 2019 бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷӣ семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими забони хориҷӣ» гузаронида шуд.

      Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. оғоз гардид. Мавсуф ҳузури мубораки ҳамаи иштирокчиёнро ба кори мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, ба кафедраи забонҳои хориҷӣ барои ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатҳи баланд изҳори сипос намуданд. Мавсуф аз мубрамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ёдоварӣ намуда, аз устодони кафедра даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми омӯзиши забонҳо ба донишҷӯён аз шароитҳои фароҳамовардаи факултет самаранок ва мақсаднок истифода намоянд.

    Сипас, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Назарова З.А. бо сухани муқаддимавӣ баромад намуда, доир ба  нақш ва аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути технологияҳои муосир ибрози назар кард.

    Баъдан кори семинари илмӣ-методӣ дар асоси барномаи омодагардида идома ёфта, дар он маърӯзаҳои устодони кафедра Ли Сю Шиа, Сафаров Ҳ.С., Ли Яо, Раҳмонзода Н.Д. ва дигарон шунида шуда, эшон пешниҳодҳои судманди худро доир ба мавзӯи омоданамудаашон иброз доштанд.  

     Дар умум семинари мазкур муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҳуқуқӣ ва забонии кишварро фаро гирифта, баҳри инкишофи минбаъдаи илми ҳуқуқшиносӣ мусоидат хоҳад намуд.

    Зимни музокираҳо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори мизи мудаввар барои беҳтар    намудани сатҳи забономӯзии донишҷӯён дар факултет нақши созгорро хоҳад гузошт.