Шӯрои сарпарастон

       

Шурои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносӣ дар соли таҳсили 2025- 2026 аз 57 нафар омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, аз ҷумла 34  нафар ассистент, 2 нафар муаллимаи калон, 21 нафар н.и.ҳ., дотсент,  иборат мебошад, ки дар ҷодаи таълим ва тарбия намудани мутахассисони соҳибмаълумот фаъолият мекунанд.

     Дар соли таҳсили 2025-2026 Шурои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолияти худро дар асоси Нақшаи кории шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025–2026 ва нақшаи кории шурои сарпарастони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои таҳсили 2025–2026 ба роҳ мондааст.

     Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи шуъбаи тарбияи донишгоҳ ҳар ҳафта рузҳои шанбе, аз ҳисоби сарпарастон ва гуруҳҳои академии онҳо дар мавзеи дахлдори шаҳраки донишҷӯён шанбегии дастаҷамъона баргузор мегардид.

      Дар баробари ин, сарпарастони гурӯҳҳои академи вазифадор карда шуданд,  ки тамоми ҳуҷҷатҳои вобаста ба Шурои сарпарастон ворид гардида ба маълумоти донишҷуён расонида, баъдан дар папкаҳои сарпарасти маҳфуз дошта шаванд.

       Шурои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ  дар доираи «Нақшаи чорабиниҳои  факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар соли 2025-2026 ҷиҳати иҷрои нишондодҳое, ки аз  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва нақшаҳои тасдиқшудаи корҳои тарбиявии Раёсати ДМТ, дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025 ва нимсолаи аввали соли  таҳсили 2026 чунин корҳоро ба анҷом расонидааст:

       1. Дар соли хониши 2025-2026,  2 – маротиба ҷаласаҳои васеъи сарпарастон гузаронида шудааст, ки дар он ҳар як сарпараст аз фаъолияти худ ҳисоботи хаттӣ дода, дастурҳои зарурӣ ба сарпарастон дода шуд. Зимнан таъкид бояд намуд, ки Шурои сарпарастони факултет бо бахши тарбияи факултет дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, дастур ва супоришҳои муҳимми Раёсат ва садорати факултетро тавассути сарпарастон амалӣ месозад.

      2. Бо мақсади риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилӣ, таъмини раванди муътадили таълим ва тарбия, санҷиши ҳолати риояи либосҳои  тавсиявӣ ва давомоти мунтазами  донишҷӯён дар миёни курсҳо санҷиш гузаронида, дар якҷоягӣ бо садорати факултет ва бахши тарбияи факултет нисбати ҳолатҳои манфии  ҷойдошта чораандешӣ намуд.

     3. Фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳои академӣ тибқӣ нақшаи тасдиқ кардаи Раёсати тарбияи донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботи хушбахтона тамоми сарпарастони гурӯҳҳои академӣ фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, дастуру супоришҳои бахши тарбияро сари вақт иҷро намуданд.

     4. Ҷаласаи навбатии Шурои  сарпарастони факултети ҳуқуқшиносӣ 28-уми январи соли равон гузаронида шуд, ки дар он вобаста ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти сарпарастон суҳбатҳо гузаронида шуданд. Аз ҷумла, ҷоннок намудани фаъолияти сарпарстон дар соли хониши 2026 ва ҳарчи зудтар омода намудани ҳуҷҷатҳои сарпарастон, дар он маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои воридгашта, инчунин баргузори соатҳои тарбиявӣ дар журнали гурӯҳои академи қайди онҳо ва таъмини давомоти гуруҳои акадами, ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳар саҳар соати 750 сарпарастон  назди курсҳои худ ҳозир шаванд ва давомоти ҳаррузаи  гуруҳои акадами худро вобаста ба ҷуфтҳои охир ба унвонии декани факултет пешниҳод намоянд.

Раиси Шурои сарпарастони факултети ҳуқуқшиносӣ  

*БОБОЗОДА УМЕДҶОН ЭМОМАЛӢ

Аз моҳи сентябри соли 2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кор мекунад.

* Соли таваллуд 01.05.1998                           

* Ҷои таваллуд ш. Душанбе

* Миллат тоҷик                                                

* Таҳсилот олӣ

* Соли 2020 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

* Ихтисос – ҳуқуқшиносӣ

* Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) – надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не – не

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не;

* Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не;

* Вазъи оилавӣ – оиладор;

* Суроға ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ

* Тел.: +992900223315.

* Email: bobozodaue@gmail.com

*Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 2016-2020Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  
Солҳои 2018-2020Омӯзгори МТМУ №28-и ш. Душанбе аз фанҳои таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон
Солҳои 2020-2022  Магистранти кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2020-2022Лаборанти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз моҳи сентябри соли 2022 то ҳолАссистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз 3.01.2023 то ҳолУнвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Аз моҳи сентябри соли 2025 то ҳолРаиси Шурои сарпарастон