ШӮРОИ ЗАНОН
Шӯрои занони факултети ҳуқуқшиносї аз соли 1950 инҷониб кор ва фаъолият мекунад. Дар Шӯрои занони факултет, дар таҳсилоти нимсолаи дуюми соли 2025 зиёда аз 800 нафарро донишҷудӯхтарон ва 48 нафари дигарро коргарон ташкил медиҳанд, ки аз он 10 нафарашон номзадҳои илми ҳуқуқ ва педагогї ба шумор мераванд. Шӯрои занон дар асоси Низомномаи бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 06.02.2009 амал мекунад. Шӯрои занони факултети ҳуқуқшиносї дар тамоми ҷамъомаду чорабиниҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, садорати факултети ҳуқуқшиносї ба нақша гирифта мешавад фаъолона иштирок мекунад. Ҳамзамон, дар чорабиниҳое, ки дар саҳти ҷумҳуриявї аз қабили пешвозгирии меҳмонони олиқадр ва дигар намояндагони давлатї рух медиҳанд, духтарони факултет сарбаландона ширкат меварзанд. Шӯрои занон ҳар сол нақшаи корї тартиб дода, фаъолияти худро тибқи нақша ба роҳ мемонад. Мувофиқи нақшаи корї ҳар як чорабинї моҳе як маротиба ё ду маротиба гузаронида мешавад. Чорабиниҳо дар дохили шаҳр, донишгоҳ ва факултет пешбинӣ ва гузаронида мешаванд.
Вазифаи Шӯрои занон аз инҳо иборат аст:
- назорати қатъї бурдан аз руи одоби хамидаи духтарон дар факултет;
- назорат аз руи сессияи санҷишию имтиҳонии духтарони факултет;
- ба ҳисоб гирифтани духтарони тибқи квотаи президентї ва назорат бурдан аз рўи одоб ва таҳсилоти онҳо;
- назорати иҷро кардани қарори мушовараи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди истифода набурдани телефонҳои мобилї, мошинҳои тамғаҳои гуногун, маъводҳои дарсї аз ҷумла ҷуъздон, дафтар, ручка ва ғ.
- назорат аз рўи хобгоҳҳои тибқи квотаи президентї, ятимон ва дигар хобгоҳҳое, ки духтарони факултет дар онҳо ҷойгиранд;
- ҳангоми дохилшавї ва баъд аз дохилшавї ҷо кардани духтарон бо хобгоҳҳо ва фаҳмонидани тартиботи дохилии факултет ва хобгоҳ;
- ташкил кардани вохуриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони чангу меҳнат ва шахсиятзанҳои ҷумҳурї;
- пешниҳод оиди ҳавасмандгардонии духтарони факултет нисбати кору хониши фаъолонаи духтарон.
Дар ободонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети ҳуқуқшиносї саҳми духтарони ҳуқуқшинос хеле назаррас аст.

Раиси Шӯрои занони факултет дотсент Бобоева Н.И.
