Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавон фаъолияти худро дар асоси «Низомномаи Шурои олимон ва
муҳаққиқони ҷавони ДМТ», ки аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасдиқ гардидааст, ба роҳ
мемонад. Шӯрои олимони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ дар асоси Нақшаи корӣ, ки
аз тарафи декани факултет тасдиқ мегардад, фаъолият мекунад. Ҷаласаи Шурои олимони ҷавон бо иштироки
декани факултет ва аъозоёни Шуро баргузор мегардад. Сохтори Шурои олимони ҷавон
аз Раис ва аъзоёни он иборат буда, Раиси он дар ду сол як маротиба иваз карда
мешавад.
Шуро дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- муттаҳид намудани қувваи эҷодии олимони ҷавон ва муҳақкиқон баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимми илмӣ;
- беҳтар намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ҷавон бо воситаи мизи мудаввар, семинарҳо, конференсияҳо ва нашри натиҷаи корҳои илмии онҳо;
- мукаммалгардонии иштироки олимони ҷавон дар лоиҳаҳои татқиқотӣ, грантҳо, озмунҳо ва таҷрибаомӯзиҳо;
- ҳамкорӣ бо Шурои олимони ҷавони дигар факултетҳо;
- коркард ва амалӣ намудани чорабиниҳои илмӣ баҳри беҳтар намудани фаъолияти илмии олимони ҷавон ва монанди инҳо.