Соли нави 2020 муборак ҳамватанони азиз!

Соли 2019-ум бо фарогирии руйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмон ва саҳифаҳои таърихиву дурахшони худ барои мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон сипарӣ шуда, соли нави 2020 фаро мерасад. 

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 соли 2019 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Аз ҷумла, татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», дар заминаи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» амалишавии «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025»-ро аз ҷумлаи муҳимтарин саҳифаҳои муқаддаси Тоҷикистони азиз изҳор доштанд.  

Умедворем, ки мардуми тамаддунофару  фарҳангсолор, ватандӯсту заҳматкаши тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат дар соли нави 2020 бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, инкишофи инфрасохтори деҳот, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо меҳнати ҳалол ва заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ба корҳои ободониву созандагӣ камари ҳиммат баста,  Тоҷикистони азизро ба як гушаи ободу зебо ва пешрафтаву дилписанди олам табдил хоҳанд дод.

Мо ҳайати омӯзгорону профессорон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омодагии ҳамешагии хешро ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари маҳбуби тоҷикон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳу сифати таълим, савияи донишу маърифатнокии донишҷӯён,  омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ, тарбияи ҷавонони худогоҳу меҳанпараст, ташаббускору босавод ва бархӯрдор аз дастовардҳои илму технологияи муосир изҳор менамоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо тамоми наздикону пайвандонашонро ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2020 самимона табрику шодбош гуфта, барояшон тансиҳативу рӯзгори обод, саодатмандию сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба навро дар ҷодаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз таманно дорем.