Созмони ҷавонони факултет

Созмони ҷавонони факултети ҳуқуқшиносӣ яке аз воҳидҳои таркибии сохтори факултет маҳсуб ёфта, бо мақсади андешидани тадбирҳои мақсаднок дар самти татбиқи сиёсати ягонаи давлатии ҷавонон дар миёни донишҷӯён ва инчунин таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо равона гардидааст. Он фаъолияти худро тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи миллии ҷавонон, Барномаи миллии ҷавонон ва фармоишу супоришҳои роҳбарияти ДМТ, садорати факултет ба роҳ монда, баҳри риоя ва дар амал татбиқ намудани он тамоми чораҳои заруриро меандашад. Созмони ҷавонон солҳост баҳри тарғибу ташвиқ намудани масъалаҳои муҳимми роҷеъ ба донишомӯзиву иштирок дар ҳаёти сиёсии факултет миёни донишҷӯён чорандешӣ менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти Созмони ҷавонони факултет аз инҳо иборат мебошанд:

-татбиқи Сиёсати давлатии ҷавонон, Консепсияи миллии ҷавонон, Барномаи миллии ҷавонон;

-иҷрои саривақтии фармоишу супоришҳои садорати факултет ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа бо ректори донишгоҳ ва декани факултет);

-ҳамкорӣ ва мусоидат дар чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ, ки бевосита ба ҳаёти ҷавонон алоқамандӣ дорад;

-тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштани онҳо ба арзишҳои миллӣ;

-ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон;

-баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ, олимону нависандагон, шоирону нависандагон;

-ҷалби донишҷӯён ба муассисаҳои фарҳангию маданӣ;

-ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва сиёсӣ;

-ташвиқу тарғиби дастовардҳои донишҷӯёни фаъол дар байни ҷавонон;

-ташкили шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумӣ бо донишҷӯён;

-ташкили суҳбату вохӯриҳо ва доир намудани маҳфилҳои илмӣ дар хобгоҳҳо;

-ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма.