Садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мувофиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 15.12.2015 таҳти № 1595/нк ба ҳайати Шӯроҳо оид ба ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷи илмии номзад ва докторони илм, ки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ фаъолият мекунанд, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Аз ҷумла, мувофиқи фармоиши мазкур ба ҳайати Шӯрои муштараки диссертатсионии 737.004.08 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон низ тағйирот ворид карда шуда, дар асоси он декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Насурдинов Э.С., доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент Неъматов А.Р. ва доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент Султонова Т.И. ба узвияти Шӯро дохил карда шуданд.
Дар пайванди ба ин масъала, садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабари ба ҳайати Шӯро пазируфта шудани декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Насурдинов Эмом Сайфудиновичро бо хушӣ пазироӣ намуда, ба ӯ тансиҳативу сарбаландӣ, саодату хушрузиро таманно доранд.
Умед дорем, ки ин иқдом аз ҳар ҷиҳат дар самти тақвияти фаъолияти Шӯрои диссертатсионӣ оид ба омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат хоҳад кард.