Рӯзи 24 ноябри соли 2017 дар заминаи кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои рӯзмарраи фаъолияти адвокатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар устодону кормандони факултет, олимони соҳа, вакилони мардумӣ, судяҳо, кормандони дигар сохторҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо, аспирантону унвонҷӯён, намояндагони доираҳои академӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Нахуст декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида аз номи садорати факултет ҳузури мубораки ҳамаи иштирокдоронро ба кори мизи мудаввари илмӣ хайру мақдам гуфта, ба фаъолияти ҳаммоиши илмӣ комёбиву бурдбориро орзу намуд. Мавсуф дар идомаи суханронии хеш кулли ҳозиринро ба ифтихори таҷлили ҷашни яке аз муқаддасоти муҳими миллӣ, рамзи давлатӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта, афзуданд, ки имрӯзҳо дар тамоми гушаю канори Ватани маҳбубамон чорабиниҳои идона ба хотири гиромидошти Парчами давлатӣ бо шукуҳӯ ҷалоли хосса баргузор шуда истодаанд. Номбурда қабули Парчами давлатиро дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бузургтарин дастоварди миллати тоҷик унвон карда, нақши бағоят муҳим ва ҳалкунандаи онро ҳамчун рамзи муттаҳидӣ, ваҳдати сартосарӣ ва ба ҳам овардани миллат махсусан таъкид намуданд. Бо ёдоварӣ аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба гиромидошти Парчами давлатӣ қайд намуданд, ки: «Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон – нашонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдориии миллӣ ва ҳифзи а