Таҳсили шартномавӣ

   Таҳсил дар асоси шартномаи маблағи пардохт яке аз шаклҳои амалигардонии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил ба шумор меравад.

   Дар факултети ҳуқуқшиносӣ аз соли 1993 инҷониб таҳсили шартномавии донишҷуён амал  мекунад.

   Фаъолияти факултети ҳуқуқшиносӣ  оид ба ҷалб намудани маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва тайёр намудани мутахассисон ба тариқи шартномавӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома «Дар бораи пайваста тайёр кардани  мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ» ва дигар санадҳои  меъёрӣ ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад.

   Маблағи таҳсилоти шартномавиро пеш аз қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар комиссияи қабул Раёсати Донишгоҳи миллӣ дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

   Ҳуҷҷатҳои шахси довталаб  пас аз супоридани маблағи шартнома ба хазинаи Донишгоҳ аз тарафи  комиссия қабули пазируфта  мешавад. Маблағи шартнома ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳои довталаб чанд сомоние муқарар гардида бошад, онгоҳ шахс паз аз имтиҳонҳои дохилшавиро супоридан ва донишҷу гардидан дар тамоми тулии таҳсил ҳамин маблағро месупорад.

   Тартиби ҳисоб намудани маблағӣ шартнома ва дигар масъалаҳои мушахасро Дастуруламал «оид ба тартиби ҳисоб намудани нархномаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи шартнома», ки Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30 июни соли 2008 № 12/23 тасдиқ карда шудааст, ба танзим медарорад.