Тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як анъанаи бисёр нек, дар мавриди тақсими давлатии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор роҳандозӣ карда мешавад. Ин иқдом пеш аз ҳама ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таваҷӯҳи бештар зоҳир намудан ба масъалаи интихоби мутахассисони ҷавони дар бозори меҳнат рақобатпазир нигаронида шудааст.
Хурсандибахш аст, ки рӯзи 22-юми апрели соли равон дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ тақсимоти навбатии давлатии мутахассисони ҷавон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони аксарияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, низоми судӣ, прокуратура, муассисаҳои илмию таълимӣ ва дигар ниҳодҳои ҳуқуқмуҳофизавӣ иштирок доштанд. Ҳамзамон дар кори комиссия муовини авали ректор А.М. Миралиев, Сардори Раёсати таълим Т.Хоҷаев ҳузур доштанд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, барои пазироии даъват ва иштирокашон хайра мақдам гуфт.
Дар натиҷа аз ҷониби намояндагони сохторҳои масъуле, ки дар кори комиссияи тақсимоти давлатӣ ҳузур доштанд, шумораи беш аз 100 нафар хатмкунандагони шӯъбаи рӯзонаи ихтисосҳои гуногуни факултет барои таъмин кардан бо ҷойи кор интихоб шуданд. Хотирнишон бояд сохт, ки аз ин шумораи донишҷӯён 46 нафарашон номзад ба димломи «аълочӣ» мебошанд.
Боварии комил дорем, ки хатмкунандагони интихобшуда дар оянда барои рушду пешрафти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи Ватани азизамон содиқона хизмат хоҳанд кард.