Дар асоси фармоиши ректори ДМТ аз 12 марти соли 2018, №95-6 «Оид ба тақсимоти хатмкунандагони шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷавии хатми соли 2017-2018» рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ ба мақсади таъмин намудани ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон, дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ тақсимоти давлатии хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзона баргузор гардид. Дар робита бо ин, ба унвонии беш аз 30 роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои ҶТ, судҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ дар хусуси замон ва макони баргузории тақсимоти хатмкунандагон мактуби расмӣ ирсол шуда буд. Дар рӯзи тақсимот намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Олии иқтисодии ҶТ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати ҶТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти сав- дои назди Ҳукумати ҶТ, Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи ҶТ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, ҶСК «Ориёнбонк» иштирок доштанд. Ба мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шудани тақсимоти хатмкунандагон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети ҳуқуқшиносӣ тамоми чораҳои дахлдор андешида шуданд. Ба ин хотир рӯйхати тамоми хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзона ва ҳамзамон донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавие, ки давоми панҷ сол бо баҳои аъло таҳсил намуда, номзад барои гирифтани дипломи «аъло» мебошанд, дар асоси ҷадвалҳои пешниҳоднамудаи донишгоҳ омода ва ба комиссия пешниҳод шуда буд. Дар маҷмӯъ 230 нафар хатмкунандагон барои иштирок дар кори комиссияи тақсимот тавсия шуда буданд. Аз ин шумора 36 нафар номзад ба гирифтани дипломи «аъло» ба ҳисоб мерафтанд, ки нисбати онҳо рӯйхати алоҳида ба комиссия пешниҳод шуда буд. Дар натиҷаи кори комиссия теъдоди муайяни хатмкунандагон ба мақомоту сохторҳои зерин тавсия шуданд: Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 нафар, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – 8 нафар, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ– 24 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ– 13 нафар, Мақомоти суд – 4 нафар, Прокуратури генералӣ – 6 нафар, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ– 12 нафар, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ– 1 нафар, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ- 1 нафар, Вазорати адлия – 3 нафар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 1 нафар. Шумораи бештари хатмкунандагон барои интихоби озод тавсия шуданд.