Санаи 16-уми майи соли 2019 дар толори калони барҳавою замонавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ТСО) тақсимоти давлатии хатмкунандагони курсҳои 5-ум ва 4-ум баргузор гардид. Хотирнишон менамоем, ки бори аввал факултети ҳуқуқшиносиро донишҷуён аз рӯи дараҷаи мутахассис ва дараҷаи бакалавриат хатм мекунанд. Низоми бакалавриат хатми зинаи якуми донишгоҳ буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2007, №650 дипломи намунаи давлатии дараҷаи «бакалавриат» ба дипломи намунаи давлатии дараҷаи «мутахассис» баробарарзиш дониста шудааст.
Дар робита бо масъалаи тақсимот ба унвонии беш аз 35 роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои ҶТ, судҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ дар хусуси замон ва макони баргузории тақсимоти хатмкунандагон мактуби расмӣ ирсол шуда буд.
Дар тақсимот намояндагони Суди Олӣ ва Олии иқтисодии ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати мудофиаи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Кумиати кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки дар шароити кунунии рушди давлатдорӣ бо назардошти омилҳои гуногун зарурияти омода намудани ҳуқуқшиносони насли муосир, ки ҳаматарафа аз донишҳои ҳуқуқӣ бархурдор буда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, посдоштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, гиромидошти тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон тарбия ёфтаанд, ба миён меояд. Ҳуқуқшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки ҷиҳати таъмини адолат, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният дар кишвар ҷидду ҷаҳд дошта бошанд. Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пойгоҳи асосии омода намудани кадрҳои ҳуқуқшинос дар кишвар ба ҳисобрафта, дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо пайваста талош менамояд.
Имрӯз таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои ҷавони баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат дар маркази сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи намояндагони ниҳодҳои давлатӣ даъват ба амал оварда шуд, ки аз фурсати муносиб истифода намуда, кадрҳои тахассусманд ва дилхоҳи худро интихоб намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки тақсимоти имсола нисбат ба солҳои қаблӣ дар шакли нав сурат гирифт. Дар толори калон намояндагони мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷуёни хамткунанда рӯ ба рӯ нишаста суҳбати озоду шафоф доир намуданд.
Сипас, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. хатмкунандагони факултет, ки номзад ба гирифтани дипломи аълочӣ ҳастанд ва тӯли 4 ё 5 сол дар гурӯҳи буҷавии донишгоҳ таҳсил намудаанд, ба ҳозирин як ба як муаррифӣ намуданд. Хурсандибахшаст, ки ҳамаи ҳозиромадагон кадрҳои дилхоҳи худро пайдо намуда, интихоб карданд.
Дар маҷмӯъ иштирокчиён баргузор гардидани тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавонро иқдоми неке дар роҳи таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои лаёқатманд ҳисобида, аз ин ташаббуси факултет, ки ҳамасола роҳандозӣ мегардад, изҳори сипос намуданд.
Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба роҳбарони сохторҳое, ки дар тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон иштироки намояндагони худро таъмин намуданд ва ба дастпарварони факултет таваҷҷуҳ зоҳир карданд, изҳори ташаккур менамояд.