Тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон дар факултети ҳуқушиносии ДМТ

       Санаи 28-уми апрели соли 2017 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Исматзода Абдуқодир ва мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Бобозода Умед ширакт намуданд. Ҳамзамон дар чорабинӣ намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои телевизион ва радио, андоз, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, зан ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, БДА ҶТ «Амонатбонк», Ширкати «Сомон-Эйр», институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок намуданд.

         Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки дар шароити кунунии рушди давлатдорӣ бо назардошти омилҳои гуногун зарурияти омода намудани ҳуқуқшиносони насли муосир, ки ҳаматарафа аз донишҳои ҳуқуқӣ бархурдор буда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, посдоштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, гиромидошти тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон тарбия ёфтаанд, ба миён меояд. Ҳуқуқшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки ҷиҳати таъмини адолат, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният дар кишвар ҷидду ҷаҳд дошта бошанд. Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пойгоҳи асосии омода намудани кадрҳои ҳуқуқшинос дар кишвар ба ҳисобрафта, дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо пайваста талош менамояд.

        Имрӯз таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои ҷавони баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат дар маркази сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи намояндагони ниҳодҳои давлатӣ даъват ба амал оварда шуд, ки аз фурсати муносиб истифода намуда, кадрҳои тахассусманд ва дилхоҳи худро интихоб намоянд.

         Сипас, хатмкунандагони факултет, ки номзад ба гирифтани дипломи аълочӣ ҳастанд ва тӯли 5 сол дар гурӯҳи буҷавии донишгоҳ таҳсил намудаанд, ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд. Хурсандибахшаст, ки ҳамаи ҳозиромадагон кадрҳои дилхоҳи худро пайдо намуда, интихоб карданд.

         Дар маҷмӯъ иштирокчиён дар соли 2017 – соли ҷавонон баргузор гардидани тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавонро иқдоми неке дар роҳи таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои лаёқатманд ҳисобида, аз ин ташаббуси факултет, ки ҳамасола роҳандозӣ мегардад, истиқбол намуданд.

          Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба роҳбарони сохторҳое, ки дар тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон иштироки намояндагони худро таъмин намуданд ва ба дастпарварони факултет таваҷҷуҳ зоҳир карданд, изҳори ташаккур менамояд.

         P.S.: Ба таваҷҷуҳи хатмкунандагоне, ки дар натиҷаи тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон соҳиби роҳхат нагардиданд ё ин ки вазифаҳои пешниҳодшударо интихоб накарданд, расонида мешавад, ки онҳо бояд рӯҳафтода нашаванд. Хатмкунандагони мо имкон доранд, аз тариқи озмун, ки имрӯз дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ҳангоми қабул ба кор роҳандозӣ мешавад, соҳиби пешаи дӯстдоштаи худ гарданд.