Бо ҳамин ном нимаи аввали рӯзи 13.10.2017 сол дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон семинари илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорону аспирантон, олимон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории семинари илмӣ – назариявӣ гузориш доданд. Номбурда дар оғози сухан иброз намуданд, ки дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14-уми октябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат ҳамасола тамоми тадбирҳоро барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашн ва ҳамзамон аз байн бурдани монеаҳои рушди соҳибкорӣ андешида истодааст. Дар пайвандӣ ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» соли 2015 бамаврид таъкид намуда буданд, ки фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон бо ин, соҳибкорӣ ба навовариҳои илму техника, тағйироти талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро таъмин менамояд. Бо дарки амиқи ҳамаи ин омилҳо Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ эълон намудааст. Дар чанд соли охир дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳот, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шуд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад.
Дар идомаи суханронии хеш декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. изҳор доштанд, ки барои омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар назди кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат ихтисоси танзими ҳуқуқии молия ва қарз таъсис дода шудааст, ки давоми шаш сол аст фаъолият мекунад ва мутахассисони ҳуқуқшиносро бо доштани донишҳои иқтисодӣ омода менамояд. Инчунин аз ҷониби устодони кафедраи мазкур ба якқатор қонунҳои кишвар, ки муносибатҳои соҳаи соҳибкориро танзим мекунанд тафсирҳо омода шудаанд, ки барои рушди соҳаи соҳибкорӣ мусоидат менамоянд.
Сипас, аз рӯйи барнома маърӯзаҳои омӯзгорони кафедари ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифов И.М. дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Сангов С.И. дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии соҳибкории экологӣ чун самти рушди бизнеси муосир»; Каримов Х.С. дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии мафҳум ва моҳияти соҳибкории инноватсионӣ»; Шабонов Ш.С. дар мавзӯи «Соҳибкории виртуалӣ: ҷанбаҳои ҳуқуқии батанзимдарорӣ»; Акобирзода Н.М. дар мавзӯи «Масълаҳои ҳуқуқии танзими зиддиинҳисорӣ дар бозори хизматрасонии бонкӣ» шунида шуд.
Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, дар хусуси мушкилоти танзими ҳуқуқии соҳибкории хурд, соҳибкории экологӣ, соҳибкории инноватсионӣ, соҳибкории виртуалӣ, танзими зиддиинҳисорӣ дар бозори хизматрасонии бонкӣ ва зарурати такмили қонунгузорӣ бо назардошти пешниҳодҳои худ ба ҳозирин гузориши муфассал доданд.
Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда иштирокчиёни семинар профессорон Ѓафуров А.Д., Ѓаюров Ш.К., дотсентон Сангинов Д.Ш., Бобокалонов Ѓ.М., Сафарзода А.И., Маҳмудов И.Т., Кабутов Э.Д., Мирзоев П.З., Қурбонов Қ.Б. ва дигарон баромад намуда, таклифу андешаҳои судманди худро барои бартараф намудани мушкилоти танзими ҳуқуқии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Дар робита ба таҷлили ҷашни Рӯзи соҳибкорон, садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кулли устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ва соҳибкорони кишварро самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломативу сарабаландӣ, пешрафту комёбиҳоро таманно менамоянд.