Таърихи факултети ҳуқуқшиносӣ

ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСЇ ДАР МАСИРИ 70 СОЛИ ТАШАККУЛ ВА РУШД

РАҲМОН ДИЛШОД САФАРБЕК декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Таҷрибаи таърихии кулли кишварҳои мутамаддини олам гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамеша ҳуқуқ ва давлат решапайванд буда, якҷо тамаддунҳоро офаридаанд. Ҳам дар гузашта ва ҳам дар шароити муосир ҳамон кишварҳое пешрафта буданд ва ҳастанд, ки пояҳои давлатдориашон аз ҳуқуқ ҳамчун таҷассуми инсондӯстӣ таркиб ёфтаанд. Хишти аввали бинои давлатҳо маҳз ҳуқуқ будааст, аз ин рӯ ҳанӯз дар Юнони бостон Афлотуни бузург фармуда буд, ки “ҳеҷ чиз ба ҷуз қонунгузорӣ ва таъсиси давлатҳо ба накукории одамон мусоидат намекунад”. Яъне ҳадафи аслии ҳуқуқ ҳамчун муассиси давлат фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум будааст ва бо гузашти садсолаҳо ин рисолати ҳуқуқ тағйир наёфтааст.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон низ аввалин иқдомоти хешро дар бунёди давлати миллӣ аз мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ оғоз кард. Ҳанӯз дар ибтидои эҳёи давлатдории миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон раёсати Шӯрои Олии мамлакатро ба уҳда доштанд, моҳияти давлати нави тоҷиконро чунин тавсиф карда буданд: “Давлате, ки мо эҷод кардаем ва минбаъд пояҳои онро мустаҳкам ва босубот месозем, манфиати инсонро дар маркази тамоми фаъолияти хеш гузошта, онро ҳифз менамояд”. Ҳамин тавр, ҳуқуқ нахустунсури ҳама гуна давлат аст, ки бидуни он наметавон роҳи ҳамвори тараққиёти ҷомеаҳоро тасаввур кард. Яке аз омилҳои асосии ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоию дунявӣ рушд кардани Тоҷикистон дар амал татбиқ шудани принсипи волоияти қонун буд, вагарна дар таърих кам ҳаводисе дучор меояд, ки як кишвари ба харобазор табдилёфта дар муддати камтар аз сӣ сол ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шавад. Ҳамин нуктаро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқкорона ба мушоҳида гирифта, қайд кардаанд, ки “ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд танҳо ҳамон вақт ташаккул меёбад, ки эҳтиром нисбат ба қонун ва риояи ҳатмии он дар дилу шуури ҳар як шаҳрванд ҷой гирифта бошад. Танҳо дар ҳамон сурат волоияти қонун дар мамлакат ба таври пурра таъмин мегардад”. Боиси фараҳмандӣ ва сарфарозист, ки дар ҳама давраҳои эъмори давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, шурӯъ аз қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон то кунун олимону донишмандон ва устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамвора дар бунёди ин давлат саҳмгузорӣ кардаанд. Ин нуктаро дар арафаи 70-солагии таъсиси факултети ҳуқуқшиносӣ таъкид кардан хеле гуворост. Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки банда ҳамчун яке аз ҳазорон нафар хатмкардагони ин боргоҳи илму ҳикмат дар остонаи ин ҷашни муборак дар бораи роҳи бисёр мураккаби ташаккул ва инкишофи он сухан мегӯям. Аслан дар хусуси таърихи ҳафтодсолаи факултет дар чаҳорчӯби як мақола ва ё як маърӯза иттилоъ додан аз доираи имкон берун аст. Китоби мазкур барои ҳамин ҳадаф иншо шудааст ва дар қисматҳои дахлдор хонандаи азиз аз ҳама анвои фаъолияти ин маркази илму амалияи ҳуқуқ огоҳ хоҳад шуд. Вале баъзе нукоти муҳимро дар ин навиштор таъкид намудан ва ба таври умум саҳми факултетро дар пешрафти Тоҷикистони азиз қайд кардан ба назар лозим менамояд.

Таъсиси факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1949 метавон ҳамчун дастоварди беназир ва яке аз ҳаводиси фараҳбахши ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии миллати тоҷик дар ибтидои солҳои 50-уми қарни гузашта эътироф кард. Аз замони таъсис то кунун факултети азизамон роҳи басо пуршараф ва пурифтихореро тай намуда, ба як макони муқаддаси илму маърифат ва маркази бонуфузи таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии кишвар табдил ёфт. Ҳам дар ибтидо ва ҳам дар шароити муосир тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшинос вазифаи аввалдараҷаи ин факултет буду ҳаст. Махсусан, мутахассисоне, ки бо дониши фароху ҷаҳонбинии баланд дар ҳама бахшҳои давлату ҷомеа фаъолият мекарда бошанд. Ҳамин тариқ, тӯли ҳафтод сол ҳазорон нафар ҷавонони бонангу номус ва дорои ҳисси баланди меҳанпарастӣ факултети маҳбубамонро сарбаландона хатм намуда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи мамлакат содиқона ва софдилона меҳнат кардаанд ва заҳмат кашида истодаанд. Имрӯз соҳаеро пайдо кардан мушкил аст, ки дар он кадрҳои факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият надошта бошанд. Бо касби Истиқлолияти давлатӣ самти ҳамкориҳои байналмилалии факултет густариш ёфта, дар ин масир бо бузургтарин факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба ба имзо расонида шудаанд. Имрӯз факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун қисми таркибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба яке аз марказҳои асосӣ ва пешбари таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, дар самти омода кардани мутахассисони болаёқати соҳаи ҳуқуқшиносӣ, таҳқиқу омӯзиши масоили мубрами илми ҳуқуқшиносӣ, боло бурдани фаҳму шуур ва фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ мақоми намоёне дорад. Ин махзани илму маърифат дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат, иҷрои барномаву стандартҳои давлатӣ, омода кардани мутахассисони сатҳи баланд ва рақобатпазири бозори меҳнат, анҷом додани корҳои бунёдии илмӣ-таҳқиқотӣ, тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ нақши арзанда дорад. Он ҳамчун манбаи муҳимми тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, хадамоти ҳуқуқии корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ, макотиби олии ҷумҳурӣ саҳм дорад. Айни замон дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ шумораи умумии омӯзгорон ба 160 нафар мерасад, ки аз ин миқдор 20 нафарашон занҳоянд. Дар иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ 122 омӯзгор ҷалб шудаанд, ки аз ин шумор 2 нафарашон академики АИ ҶТ, 2 нафари дигар узви вобастаи АИ ҶТ, 19 нафарашон доктори илми ҳуқуқ, профессор, 51 нафар дотсент (46 номзади илми ҳуқуқ, 3 нафар номзади илмҳои филологӣ ва 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ, аз ин шумора 10 нафарашон зан) мебошанд. Инчунин дар факулет 12 муаллими калон (2 нафарашон зан ва 1 номзади илми ҳуқуқ, 2 кас – номзадҳои илмҳои филологӣ) ва 60 нафар ассистент (7 зан ва 11 номзади илми ҳуқуқ) кор мекунанд. Синну соли миёнаи мардон 37 ва занон бошад, 40 солро ташкил медиҳад. Дар сохтори факултет 10 кафедраи тахассусӣ ва 1 кафедраи забонҳои хориҷӣ амал мекунанд, ки масъулияти асосии пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро ба уҳда доранд. Дар фасли алоҳидаи китоби мазкур оид ба фаъолияти кафедраҳо ва саҳми арзишманди онҳо дар пешрафти ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ маълумоти муфассал манзур мешавад. Дар факултет 9 нафар муовинони декан, аз ҷумла 5 нафар муовин дар соҳаи таълим, 3 нафар дар бахши тарбия ва як нафар муовин оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ фаъолият доранд. Бо назардошти инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба кадрҳои арзанда ва ворид шудани Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фазои байналмилалӣ давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ дар сохтори факултет ихтисосҳои нав, аз ҷумла оид ба омода намудани ҳуқуқшиносони байналмилалӣ, ҳуқуқшиносони бахши молия ва қарз, ҳуқуқшиносони низоми муассисаҳои иҷрои ҷазо, ҳуқуқшиносони соҳаи идораи давлатӣ, эксперт-криминалистҳо, ҳуқуқшиносон оид ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ таъсис ёфтаанд. Дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин раванди таълим ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи рӯзона: – ҳуқуқшиносӣ (24010200) – бакалавриат; – ҳуқуқшиносӣ (24010210) – магистратура; – ҳуқуқи байналхалқӣ (24010100) – бакалавриат; – ҳуқуқи байналхалқӣ (24010110) – магистратура; – фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (93010100) – бакалавриат; – фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (93010110) – магистратура; – идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (26010200) – бакалавриат; – идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (26010210) – магистратура; – танзими ҳуқуқии молия ва қарз (24010302) – бакалавриат; – танзими ҳуқуқии молия ва қарз (24010302) – магистратура; – ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ (24010217) – бакалавриат; – ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ (24010218) – магистратура; – санҷиши судӣ (93010200) – бакалавриат; – санҷиши судӣ (93010210) – магистратура; – фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ (24010213) – магистратура; – ҳифзи ҳуқуқии табиат ва муҳити зист (24010206) – магистратура; – ҳуқуқшиносии муқоисавӣ (24010212) – магистратура. Дар шуъбаи ғоибона: – ҳуқуқшиносӣ (24010200); – идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (26010200); – фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (93010100); – шуъбаи ғоибонаи маълумоти дуюми олӣ (24010233). Доктор аз рӯйи ихтисос: – 6D030100 Ҳуқуқшиносӣ; – 6D030200 Ҳуқуқи байналхалқӣ; – 6D030300 Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ. Дар ҳама шуъбаҳои амалкунанда 3678 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимми фаъолияти факултетро пешбурди ҳаёти таълимӣ ташкил медиҳад. Дар ин бахш бо назардошти самтҳои асосии рушди муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳқиқи самтҳои афзалиятноки илм дар шароити муосир, ҳамбастагии илм ва амалия, моҳияти илмӣ доштани раванди таълим, ворид намудани шаклҳо, усулҳо ва технологияҳои муосир дар раванди таълим, баланд бардоштани масъулияти устодон дар раванди таълим ва сатҳу савияи донишандӯзии донишҷӯён, алоқамандии таълим ва тарбия, беҳтар намудани шароити иҷтимоии устодону донишҷӯён, рушди истеъдод ва қобилияти донишҷӯён амалӣ мегардад. Зимнан бояд иброз дошт, ки айни замон ихтисосҳои амалкунандаи факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузашта, таълим аз рӯйи низоми сезинагӣ – бакалавриат, магистратура ва доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон ихтисосҳои амалкунандаи шуъбаи ғоибона ва таҳсилоти дуюми олӣ ба низоми фосилавии таҳсилот гузаронида шудаанд. Дар ин замина тамоми нақша ва стандартҳои таълимӣ оид ба ихтисосҳои амалкунанда аз нав таҳия ва қабул шуда, ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонида шудаанд. Ҷараёни таълим муташаккилона ба роҳ монда шуда, аз ҷониби садорати факултет пайваста тадбирҳои муассир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии донишҷӯён ва ба илмҳои замонавӣ фаро гирифта шудани донишҷӯён андешида мешаванд. Бо ин мақсад соли 2015 Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ барои солҳои 2015-2020 қабул карда шуд, ки давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Зарфияти кадрӣ, илмӣ, зеҳнӣ ва моддӣ-техникии факултет имкон фароҳам меорад, ки барои дар низоми таҳсилот ворид намудани усулҳои нави таълим бо истифода аз дастовардҳои технологияи иттилоотиву иртиботӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ шавад. Барои ба таҳсилоти замонавӣ фаро гирифтани донишҷӯён дар факултет ҳама шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аксарияти синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин буда, 4 синфхонаи электронӣ ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Дар факултет маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим фаъолият менамояд, ки он ба 80 компютери замонавӣ пайваст буда, имкон медиҳад, ки имтиҳонот ба таври мутамарказ қабул карда шавад. Дар факултет китобхонаи замонавӣ фаъолият менамояд, ки он бо ташаббус ва мусоидати раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати факултети ҳуқуқшиносӣ пурра таъмир шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Китобхонаи илмӣ бо адабиёти илмиву таълимии замонавӣ ва маҷаллаҳои илмиву рӯзномаҳои даврӣ таъмин буда, толори хониши он дорои 64 ҷойи нишаст аст, ғайр аз ин, ҳуҷраҳои нигаҳдории китобҳо ва хизматрасонӣ дорад. Хазинаи китобҳои илмӣ ба 25000 адад мерасад, ки бо дастгирии садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳамарӯза аз он теъдоди зиёди донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар истифода менамоянд. Ба мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил ва ҳисси масъулиятшиносии омӯзгорон Шӯрои илмию методии факултет амал мекунад, ки як ҷузъи муҳимми фаъолияти онро баргузории дарсҳои кушод ва иштирок ба дарсҳои ҳамдигарии устодон ташкил медиҳад. Таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойҳои кор низ аз самтҳои дигари фаъолияти факултет ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ба кор таъмин намудани хатмкунандагони факултет давоми чанд соли охир аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як зумра мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари давлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд. Чунин ҳамкориҳо самараи нек медиҳад, зеро ҳамасола дар асоси қарори комиссияи тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон садҳо нафар дастпарварони факултет ба мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, нотариат, мудофиа, адлия, системаи иҷрои ҷазо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сохторҳои давлативу ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрван дӣ ба кор қабул карда мешаванд. Яке аз самтҳои дигари афзалиятноки факултетро корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар кафед- раҳои тахассусии факултет бо назардошти аҳаммияти масъалаҳои таҳқиқшаванда дар рушди давлатдории миллӣ, рӯзмарра будани онҳо дар шароити эъмори давлати ҳуқуқбунёд анҷом дода мешаванд, ки дар нақшаи илмӣ-таҳқиқотии ҳар як кафедра онҳо вобаста ба самту масъалаҳо ва мавзӯъҳо муайян ва тасдиқ карда шуда, ҳар панҷсола оид ба иҷрояшон ҳисобот дода мешавад. Тӯли солҳои 2009-2018 аз ҷониби омӯзгорону кормандон 4994 маводи илмӣ-таълимӣ ба табъ расидааст, ки аз ин миқдор 285-тоаш монография, 90-тоаш китоби дарсӣ, 395-тоаш воситаи таълимӣ ба ҳисоб меравад, ғайр аз ин, 331 дастури таълимию методӣ, 265 фишурда ва 3628 мақолаи илмию оммавӣ ба нашр расидааст.

Самаранокии корҳои илмии тадқиқотии устодон дар солҳои 2009-2018

Корҳои илмию тадқиқотӣ2009201020112012201320142015201620172018Дар маҷмӯъ
Монография19221732333824282943285
Китоби дарсӣ5205612128311890
Васоити таълимӣ11452737526042464233395
Дастури таълимӣ21253750623141221527331
Фишурда192217928147372686265
Мақола1751751202003075085414815116103628
Дар маҷмӯъ2503092233344946636636166348074994

Зиёда аз ин, тибқи нақшаҳои баргузории конференсия, симпозиум ва дигар ҳамоишҳои илмӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ тӯли солҳои 2009-2018 беш аз 110 конференсияи гуногуни сатҳи баланд бо иштироки доираи васеи олимони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор шудааст. Қобили зикр аст, ки дар факултети ҳуқуқшиносӣ маҷаллаҳои илмӣ-иттилоотии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» (“Правовая жизнь”), «Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон» ва моҳномаи «Минбари ҳуқуқшинос» пайваста нашр мешаванд. Маҷаллаи илмӣ-иттиллоотии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия шомил шудааст. Факултети ҳуқуқшиносӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст буда, тавассути сомонаи худ – www.ur.tj аз ҳаёти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва фарҳангии факултет иттилооти гуногун манзур мекунад. Ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҷузъи дигари фаъолияти факултет аст. Ба омода кардани кадрҳои илмӣ дар факултет таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Айни замон дар факултет мактабҳои илмии як зумра олимону донишмандони маъруф, аз қабили мактаби академикҳо Ф.Т. Тоҳиров, М.А. Маҳмудзода, аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М.З. Раҳимзода ва Э.С. Насриддинзода, докторҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессорон Ш.Т. Тағойназаров, Т.Ш. Шарифов, Р.Ш. Сотиволдиев, Ш.К. Ѓаюров, З.Ҳ. Искандаров, А.Ѓ. Холиқзода, З. Ализода, Ҷ.З. Маҷидзода, Ҷ.С. Муртазоқулов, А.Д. Ѓафурзода, Р.Б. Бозоров, А.М. Диноршоҳ, У.А. Азиззода, Б.А. Сафарзода, А.И. Сафарзода, Б.С. Гадоев, Қ.Ш. Қурбонов ва чанде дигарон амал мекунанд ва дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва ба камол расонидани онҳо саҳми назаррас доранд. Танҳо давоми солҳои 2010-2019 111 нафар омӯзгору аспирант, унвонҷӯю корманди факултет рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд. Дар ин миён бо иқдому ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва дастгирии бевоситаи раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хусусан ректори донишгоҳ, академик М.С. Имомзода ба таъсиси якчанд Шӯрои диссертатсионӣ асос гузошта шуд. Масалан, аз 1-уми январи соли 2014 Шӯрои муттаҳида оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ – КМ 737.004.08 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард, ки дар он то соли 2016 аз рӯйи ихтисосҳои 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат ва 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ аспирантону унвонҷӯён ва докторантон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд. Боиси ифтихори воқеист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ аввалин маротиба баъди таъсиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2017 таҳти №15 дар заминаи факултети ҳуқуқшиносӣ нахустин Шӯрои миллии диссертатсионӣ – 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ таъсис ёфта, ду сол амал кард. Маҳз дар ҳамин Шӯро 6 нафар рисолаи докторӣ ва 32 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Ѓайр аз ин, бо фармоиши Раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июни соли 2019 таҳти №133 фаъолияти Шӯрои миллии диссертатсионии 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ба муҳлати панҷ сол тамдид шуд. Дар шӯрои навтаъсис аз рӯйи ихтисосҳои 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат; 12.00.02 – ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунисипиалӣ ва 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ доир мегарданд. Аллакай аввалин ҳимояҳо дар шӯрои мазкур баргузор шуданд. Бадин тартиб, имкони таъсиси шӯроҳои миллии диссертатсионӣ аз рӯйи дигар ихтисосҳои илми ҳуқуқшиносӣ ба вуҷуд омада истодаанд. Дар нақшаи поён шумораи рисолаҳои илмии ҳимояшуда давоми солҳои 2010-2019 бо зикри дақиқи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ пешниҳод мешавад.

Ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар солҳои 2010-2019

Солҳои2010201120122013201420152016201720182019Ҳамагӣ
Докторӣ21162315
Номзадӣ134133101143181594
Дар маҷмӯъ 109 рисолаи докториву номзадӣ дифоъ шуданд.

Яке аз самтҳои хеле муассири корҳои илмӣ-таҳқиқотии факултет- ро таъсис ва фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо ташкил медиҳад. Аз ҷониби садорати факултет ба масъалаи омода кардани кадрҳои ояндаи илмӣ аз ҳисоби ҷавонони донишманду забондон, боистеъдоду масъулиятшинос таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳамин аст, ки айни замон дар назди кафедраҳои факултет 11 маҳфили илмӣ мавҷуд аст, ки самти асосии фаъолияти онҳо баргузор намудани маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо, иштирок дар ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар, озмуни корҳои илмии донишҷӯён, ҷалби донишҷӯён барои ширкат дар конфронсҳо ва олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун мебошад. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ давоми солҳои 2013-2019 дар як силсила ҳамоишҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла олимпиадаву озмунҳо фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Устодон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ дар муҳимтарин чорабиниҳои ҳаёти сиёсӣ, ҷамъи- ятӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат мекунанд. Махсусан иштироки фаъолонаи омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёнро дар машқу тамринҳои ҷашнӣ бахшида ба таҷлили бузургтарин ҷашнвораҳои миллӣ, аз қабили Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра метавон алоҳида қайд намуд. Дар ин давра иштирок ва саҳми фаъолонаи як зумра устодони факултет ба сифати коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ дар баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013, интихоботи парлумони кишвар дар соли 2015 ва раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ дар соли 2016 шоистаи таҳсин аст. Гузашта аз ин, саҳми омӯзгорони факултет ба ҳайси аъзо ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар тарғибу ташвиқи мазмуну моҳияти Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қобили зикр намудан аст. Як зумра устодони факултет дар ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи қонуну кодексҳо, консепсияву барномаҳои давлатӣ бори масъулияти азим ба дӯш доранд. Бояд иброз намуд, ки дар робита ба банди 56-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (факултети ҳуқуқшиносӣ) омода ва пешниҳод намудани лоиҳаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуда буд ва омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносӣ дар таҳияи лоиҳаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 фаъолона иштирок намуда, дар омода кардани лоиҳа саҳми назаррас гузоштанд. Бо мақсади боло бурдани донишу фарҳанги ҳуқуқии оммаи васеи мардум устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ мунтазам ба шабакаҳои телевизионӣ ва радио, инчунин корхонаву муассиса ва ташкилотҳо ташриф оварда, оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҳуқуқӣ ва ҷашнвораҳои сиёсӣ, аз қабили ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Конститутсияи Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ суҳбатҳои муфид анҷом медиҳанд.   Яке аз самтҳои дигари фаъолияти факултетро бахши ҳамкориҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ташкил медиҳад. Бо мақсади ба амал баровардани ҳамкориҳои муфиди дуҷониба факултети ҳуқуқшиносӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату кумитаҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, марказҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ алоқаи устувори илмиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҳоло факултети ҳуқуқшиносӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Москва ба номи О.Е. Кутафин, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Мактаби олии иқтисодии шаҳри Москва, Донишгоҳи миллии Қазоқистон, Донишгоҳи Бремен (Олмон), Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагин, Донишгоҳи Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Барои саҳми назаррас ва хизматҳои шоён дар тарбияи мутахассисони ҷавон, рушди низомии ҳуқуқии кишвар, пешбурди ҳаёти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ як зумра устодони накуноми факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун нишони қадршиносӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии         Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ, медалу ифтихорномаҳо, мукофотҳои соҳавӣ ва дигар ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд, ки дар фасли алоҳидаи китоб дар ин хусус ба хонанда иттилои муфассал пешниҳод мешавад.  Ин ҷо месазад, ки аз фаъолияти босамар ва номи неки роҳбарони факултет, ки дар марҳилаҳои гуногуни рушди ин сохтор зимоми идоракуниро ба даст гирифта, ҳар кадом ҳиссаи арзишманди хешро дар рушду такмили факултет гузоштаанд, ёдовар шавем. Аввалин декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент В.Г. Гранберг буданд, ки аз замони таъсис то соли 1957 дар ин вазифа бо дарки масъулияти баланд ифои вазифа намудаанд. Саҳми ӯ дар фароҳам овардани заминаҳои ташаккули минбаъдаи факултет назаррас буд. Дар солҳои баъдӣ факултети ҳуқуқшиносиро як зумра шахсиятҳои маъруф, олимони барҷаста, ҳуқуқшиносони асил, ташкилотчиёни моҳир, нафароне, ки дилбохтаи касби хеш буданд, аз қабили номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Касаткин Юрий Петрович, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Гимпелевич Роман Савелевич, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Розиқов Шариф Розиқович (1961-1965), номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Мавлонов Абдуманнон (1965-1967), номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Қосимов Садриддин Маҳмудович (1967-1969), доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов Очилбой Усмонович (1975-1980), номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна (1982-1985), номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ҷалилов Ҷаббор Раҷабович (19721975, 1986-1989), номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Бобоназарова Ойниҳол (1989-1993), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Исмоилов Шавкат Маҳмудович (1993), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики АИ ҶТ, узви раёсати Академияи илмҳои ҶТ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам Аъзам (1993-2006), номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Холиқов Кароматулло Нарзуллоевич (2006-2011), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин (2011-2016) сарварӣ кардаанд. Мо ба ҳама деканҳои факултет, ки дар марҳилаҳои гуногун масъулияти баланди роҳбарии факултетро ба зимма гирифта, барои пешрафти соҳаҳои илму таълим ва тарбия, омода кардани мутахассисони ҷавону умедбахш саҳми арзандаи худро гузоштаанд, изҳори сипос менамоем. Як гурӯҳ аз ин деканҳои муҳтарам ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, аммо кору пайкори некашон дар қалбҳои мо зинда аст. Ёдашон ба хайр, бигзор рӯҳашон аз ҳамаи мо шод бошад. Эътироф бояд кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави рушдро касб намуда, ба ин васила дар тамоми самтҳои афзалиятноки ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет ҷаҳиши бузурге ба вуқуъ пайваст. Мо боварии комил дорем, ки донишмандону олимони маъруфу саршиноси факултети ҳуқуқшиносӣ минбаъд низ бо назардошти тағйироту таҳаввулот дар илми ҳуқуқшиносӣ бо хулосаву пешниҳодоти илман асосноки худ дар рушди низоми қонунгузорӣ ва такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт. Бо вуҷуди комёбиву дастовардҳои беназир дар соҳаҳои ҳаёти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва густариши ҳамкориҳо, устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносиро зарур аст, ки бо назардошти рушди кунунии муносибатҳои ҷамъиятӣ, талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат, ислоҳоти амиқи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати таъмини дурнамои неки фаъолияти факултет тадбирҳои муасирро роҳандозӣ намоянд.