Дониёр Сангинов
мудири кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва тиҷорат
Дар ҶТ санаи 1-уми марти соли ҷорӣ маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони халқ баргузор мегардад. Дар ин радиф яке аз талаботи қонунгузорӣ ин санҷидани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо аст. Мавҷуд будани чунин талабот пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба ба забони давлатӣ-тоҷикӣ буда, дар интихоботҳои аксарияти давлатҳои ҷаҳон ин таҷриба истифода мешавад. Бинобар ин, ҳама гуна эътироз ва эродҳое, ки вобаста ба ин масъала аз ҷониби баъзе шахсон мешавад, асос надошта, хилофи қонун аст.
Асоси ҳуқуқии чунин талабот санадҳои зерин баромад мекунанд: 1. Моддаи 2 Сарқонуни ҶТ; 2. Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ»; 3. Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ»; 4. Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»; 5. Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»; 6. Дастурамал дар бораи тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, вакилии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори куҳистони бадахшон, вилоятҳо, шаҳри душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ аз 9 июли соли 2014, №13 тасдиқ шудааст.
Тибқи моддаи 2 Конститутсияи (Сарқрнуни) ҶТ ва моддаи 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» забони давлатии ҶТ забони тоҷикӣ аст. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» «Ҳар як шаҳрванди ҶТ вазифадор аст забони давлатиро донад». Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар ҶТ ба забони давлатӣ сурат мегирад. Мувофиқи моддаи 28 ва 29 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» шахсе аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон шуда метавонад, ки забони давлатиро донад. Тибқи моддаи 26 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» номзадии шаҳрванде ба вакилӣ пешбарӣ карда мешавад, ки забони давлатиро донад. Мутобиқи моддаи 36 Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҳар як шаҳрванди ҶТ, ки забони давлатиро медонад, метавонад номзад ба вакилии Ҷамоат пешбарӣ шавад.
Тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзади пешбаришуда ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ва вакилии Маҷлиси намояндагон бо хулосаи комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот, ки номзадҳоро ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ва вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд мегирад бо ҷалби мутахассисони соҳаи забони давлатӣ сурат мегирад. Санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзади пешбаришуда дар муддати 5 рӯз баъд аз ворид шудани аризаи ӯ ба Ҳавзаи интихоботии дахлдор гузаронида мешавад.
Санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби шахсоне, ки ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо Фармони Президенти ҶТ таъйин карда мешаванд, пеш аз ба тасвиб расидани Фармон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ сурат мегирад.
Муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот (тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ) бо хулосаи комиссияи ҳавзавии интихобот (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ) оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот бо ҷалби мутахассисони соҳаи забони давлатӣ сурат мегирад. Санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси намояндагон пеш аз супоридани гарави интихоботӣ ва ҷамъоварии имзои интихобкунандагон ба тарафдории номзад (номзадҳое, ки ба тартиби худпешбарӣ пешниҳод шудаанд) гузаронида мешавад.
Муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва Ҷамоатҳо мувофиқан бо хулосаи комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва комииссияи ҳавзавии интихоботи вакилони Ҷамоат бо ҷалби мутахассисони соҳаи забони давлатӣ сурат мегирад.
Санҷиши сатҳи донистани забони давлатиро аз ҷониби номзадҳои пешбаришуда ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, вакилии Маҷлиси намояндагон, вакилии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва Ҷамоатҳо комиссияҳои дахлдори интихоботӣ дар муддати 3 рӯз мегузаронанд. Сана ва вақти гузаронидани санҷишро комиссияҳои дахлдори интихоботӣ муайян мекунанд.
Санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ аз Ҷониби номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ва вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо роҳи зерин сурат мегирад:
-ба забони давлатӣ навиштани тарҷумаи ҳоли худ дар ҳузури аъзои комиссияи дахлдори интихоботӣ;
-қироати матни чопӣ дар ҳаҷми на бештар аз як саҳифа, ки аз ҷониби комиссияи дахлдори интихоботӣ пешниҳод мегардад;
-мусоҳибаи шифоҳӣ дар мавзӯи озод.
Ба номзадҳои пешбаришуда ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ва вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ барои навиштани тарҷумаи ҳол то як соат вақт ҷудо карда мешавад.
Мавзуъҳо оид ба муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори интихоботӣ пешниҳод карда мешаванд.
Муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва Ҷамоатҳо аз ҷониби комиссияҳои дахлдори интихоботӣ бо роҳи гузаронидани суҳбати озод муайян карда мешавад.
Комиссияи дахлдори интихоботӣ баъд аз муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ қарор қабул мекунад. Ба Қарори комиссияи дахлдори интихоботӣ бояд хулоса дар бораи забони давлатиро донистан ё надонистани номзадҳои пешбаришуда ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, вакилии Маҷлиси намояндагон, вакилии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва Ҷамоатҳо дарҷ карда шавад. Ба Қарори комиссияи дахлдори интихоботӣ матни хаттии тарҷумаи ҳоли номзад замима карда мешаванд. Адабиёти истифодашуда: Дастурамал дар бораи тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, вакилии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори куҳистони бадахшон, вилоятҳо, шаҳри душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ аз 9 июли соли 2014, №13