Тасдиқи унвони илмии дотсенти кафедра (аттестати дотсентӣ)!

    Cадорат, ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, номзадҳои илмҳои ҳуқуқ Сафаров Анвар Исломович ва Саидов Шоҳин Нуровичро ба ифтихори тасдиқ шудани унвони илмии дотсенти кафедра аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (фармони №439/нк аз 18.05.2015с.) самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву корҳои илмӣ – тадқиқотиашон комёбиҳои беназирро ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз хоҳонанд.