Бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз санаи 11 то 16-уми сентябри соли равон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафари хизматӣ намуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳои шаҳр дар чаҳорчубаи барномаи ташвиқу фаҳмондадиҳии тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маъракаи таблиғоти устодони зерини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд:
1. Имомзода М.С. – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Академики АИ ҶТ(роҳбари гурӯҳ);
2. Раҳмон Д.С. – декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади имлҳои ҳуқуқ дотсент;
3. Зайниддинов М.К. – мудири кафедраи назария ва ададбиёти навини форси тоҷикии факултети филологияи тоҷики ДМТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент;
4. Азимов А.Х. – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ;
5. Қудусов Х.С. – номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти кафедраи раванди сиёсии Тоҷикистони факултети фалсафаи ДМТ;
Лозим ба ёдоварист, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо эҳтиром ва самимияти баланд муносибат намуда, тамоми имконият ва шароитро баҳри дар фазои мусоид баргузор шудани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ фароҳам оварданд. Вохӯриҳо ҳаррӯз чор маротиба дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр сурат гирифта, иштирокдорон ҳудуди 200 то 400 нафарро ташкил медоданд.
Ҳайати кории устодон дар вохӯриҳо ҳар як тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид гардидаанд, шарҳу тавзеҳоти муфассал доданд. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки қабулу татбиқи қонуни мазкур яке аз муҳимтарин қадамҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи фикрию фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодиву сиёсии миллат ва кишвари мо мебошад, зеро татбиқи ин Қонун боиси коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, покзосии афкори мардум аз хурофот, беҳбудии зиндагии иҷтимоии аҳолӣ ва тақвияти субботу амнияти миллии кишвар гардидааст.
Муҳимият ва афзалиятҳои иқдоми мантиқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шарҳ дода шуда, ин ташаббусҳо ҳамчун мояи ифтихору шарафмандии ҳар як сокини кишвар баҳогузорӣ карда шуд.
Баъди анҷоми суханрониҳо фикру андешаҳои мардуми шарафманди Исфара низ оид ба нуқтаҳои асосии тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур шунида шуданд. Зимни музокираҳо низ табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт.
Дар маҷмӯъ, тибқи мушоҳида ва натиҷагирии чандрӯза маълум гардид, ки тамоми қишрҳои сокинон ба иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа арҷгузорӣ намуда, саҳми ватандории худро дар ободонии кишвар ба хубӣ дарк намудаанд.