Таъсиси шӯрои диссертатсионӣ дар назди ДМТ!

Садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мувофиқи фармоиши  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2017 таҳти № 16 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос аз рӯйи ихтисосҳои 6D030100-Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200-Ҳуқуқи байналмилалӣ, 6D030300-Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуд.  

Дар пайванди ба ин масъала, садорат, ҳайати профессорону омӯзгорони факултет таъсиси шӯрои диссертатсионии мазкурро дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазироӣ намуда, умед доранд, ки ин иқдом аз ҳар ҷиҳат муфид буда, дар самти омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мусоидат хоҳад кард.