Ҳадафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», ки дар таҳрири нав моҳи июни соли 2024 қабул шудааст, ин муқарраркунонии меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад, ки гузаронидани ҷашну маросимҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад ва аз он ҷумла тӯйҳои домодиву арӯсӣ. Қонун ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофот, таассуб ва зиёдаравӣ дар маъракаҳои миллӣ ва оилавӣ равона гардидааст. Қонуни мазкур барои паст кардани сарбории молии оилаҳо, коҳиши хароҷоти беҳуда дар баргузории маросимҳои пурдабдаба ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа муҳим шумурда мешавад.
Қонуни мазкур аз шаш боб ва бисту ду модда иборат буда, муқаррароти умумӣ, ваколатҳо ва масъулияти мақомоти давлатӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва аҳолиро дар танзими ҷашну маросим муайян менамояд. Дар моддаи 2-и Қонун доираи амали он муайян шудааст — қонуни мазкур барои ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ татбиқ мешавад. Намояндагони миллатҳо ва динҳои гуногун низ метавонанд ҷашну маросимҳои худро бо риояи талаботи қонун баргузор намоянд.
Яке аз самтҳои асосии Қонун танзими ҷашнҳои оилавӣ мебошад. Хусусан, моддаи 12-и Қонун ба тӯйҳои домодиву арӯсӣ бахшида шудааст. Мувофиқи он, тӯйи домодиву арӯсӣ бояд бо на зиёда аз ду маърака гузаронида шавад ва давомнокии он на бештар аз ду рӯз муайян шудааст. Дар доираи тӯй баргузор намудани зиёфат иҷозат дода мешавад, аммо шумораи меҳмонон маҳдуд аст – то 150 нафар барои оростани тӯй ва то 200 нафар барои оши тӯй аз ҳисоби ҳар ду ҷониб. Барпо намудани тӯйи домодию арӯсӣ ихтиёрӣ буда, теъдоди даъватшавандагон аз доираи имконияти тарафҳо вобаста мебошад ва ҳадди ниҳоии он дар Қонун муқаррар шудааст. Масалан, тарафҳо метавонанд якҷоя шуда, ба ҷойи ду маърака як маърака барпо намоянд. Вале дар ин ҳолат онҳо ё зиёфат барои 150 нафар ва ё оши тӯй барои 200 нафарро интихоб мекунанд. Ин маъракаро метавонанд дар яке аз манзилҳо ва ё тарабхонаю тӯйхона гузаронанд.
Бинобар ин, дар минтақаҳое, ки то ин дам як маърака баргузор мегашт, дар тӯйи домодию арӯсӣ шарт нест, ки ду маърака барпо гардад, зеро Қонун танҳо чунин ҳуқуқ додааст ва ин ба ихтиёри тарафҳост. Тӯйи домодию арӯсӣ бояд дар давоми на бештар аз ду рӯз дар доираи муқаррарнамудаи ҳамин Қонун баргузор гардад.
Мақсади Қонуни мазкур пешгирӣ намудани зиёфатҳои тӯлонии хонаи келину домод аст, ки тайи ду-се рӯз дар як оила меҳмонони зиёд қабул мекарданд. Акнун қонун ба тӯйи домодию арӯсӣ на бештар аз ду рӯз муқаррар намуда, талаб мекунад, ки як рӯз тӯй дар хонаи духтар мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи қонун то се соат ва рӯзи дигар ҳамин тавр дар хонаи писар маърака гузаронида шавад.
Пеш як рӯз барои ҳар ду ҷониб дода мешуд, вале бо дарназардошти мушкилоти масофаи зисти тарафҳо дар ноҳияҳои гуногун ва имконнопазирии гузаронидани ду маърака дар як рӯз, бо таклифу пешниҳоди аҳолӣ ба ҷойи калимаҳои «як рӯз» калимаҳои «на бештар аз ду рӯз» ба матни Қонун ворид карда шуд.
Қонун манъ кардааст ташкил ва гузаронидани маъракаҳои зиёдатӣ чун фотиҳа, сандуқбарон, чойгаштак, модарталбон, падарталбон, хонакашон ва дигар маросимҳое, ки ба тӯйи арӯсию домодӣ рабт доранд. Ҳамчунин, қонун манъ мекунад даъвати меҳмонони зиёд, тақдими сару либосҳои гаронбаҳо ва дигар амалҳои исрофкорона.
Қонун роҳи сарфакоронаеро низ пешниҳод менамояд: маблағҳое, ки пештар барои зиёфатҳои гаронбаҳо сарф мегардиданд, метавонанд ба корҳои хайриявӣ, беҳдошти шароити зиндагии навхонадорон ё сохтмони иншооти иҷтимоӣ равона карда шаванд.
Қонун талаб мекунад, ки либосҳо ва унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ дар маросимҳои оммавӣ ва тӯйҳо истифода нашаванд. Ин меъёр ба ҳофизаи фарҳангӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ такя мекунад.
Дар асоси моддаи 8-и Қонун комиссияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд риояи ин маҳдудиятҳоро назорат кунанд. Мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ метавонанд барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи талаботи Қонун корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд.
Қонун ҷавобгарии маъмуриро барои татбиқ нагардидани меъёрҳои муайяншуда пешбинӣ мекунад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар ҳолати вайрон намудани қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, ки бо қарори мақомоти маҳаллӣ таъсис меёбанд, барои назорати қатъии риояи қонун ва баррасии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ масъул мебошанд.
Қонун хизматрасониҳои вобаста ба ҷашну маросимҳоро низ танзим мекунад. Ин меъёрҳо уҳдадориҳои ташкилотҳои хизматрасониро зиёд карда, назорати фаъолияти онҳоро тақвият медиҳанд.
Қисмати хотимавии Қонун масъулият ва ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои риоя накардани талаботи он муайян мекунад. Ҳамчунин, Қонун иҷозат медиҳад, ки маблағҳои маъракаҳо ба корҳои ҷамъиятӣ — аз ҷумла, сохтмон, таъмир ва дигар корҳои манфиатовар равона карда шаванд.
Қабули ин Қонун ҳамчун чорабинии муҳими сиёсиву иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад, зеро он арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, хароҷоти зиёдатӣ ва намоишкориро барҳам медиҳад. Қонун ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон мусоидат намуда, тарзи баргузории тӯйҳоро ба шакли содда, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мутобиқ месозад.
Дар натиҷа, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» метавонад ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ, коҳиши хароҷоти беҳуда ва таҳкими одоби миллӣ мусоидат намояд. Хулоса, Қонун василаи муассири танзими ҷашнҳо, аз ҷумла тӯйҳои домодиву арӯсӣ буда, рушди устувори иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин мекунад.
Саидзода Муҳаммадҷон – донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиноси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
