ТОҶИКИСТОН ДАР РЕЙТИНГИ БЕХАТАРИИ GALLUP ДАР ҶОЙИ ДУЮМ: НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАЪМИНИ МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар асоси гузориши тозаи Gallup — «Global Safety Report – 2025», Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии бехатарӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст. Ин натиҷаи маҳсули сиёсати устувор дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва имкониятҳои нерӯманд барои нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Мехостем андешаҳояшонро вобаста ба нақши роҳбарии миллӣ ва чӣ гуна ин дастовард метавонад мавқеи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир устувор кунад, баён намоям.

Гузоришҳои Gallup асосан натиҷаҳои арзёбии эҳсоси бехатарии шаҳрвандон, эътимод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар омилҳоеро дар бар мегиранд, ки ба танзими ҳуқуқ ва тартибот дохил мешаванд.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон 95% сокинон ҳангоми сайру гашти шабона худро бехатар эҳсос мекунанд. Тоҷикистон дар индекси Law and Order аз 100 балл 97 балл гирифтааст, ки аз ҳама баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон аст.

Ин натиҷаҳо дар шароити ҷаҳоние, ки дар бисёр минтақаҳо таҳдидҳои амниятӣ, хушунату таҳлукаҳои сиёсӣ меафзоянд, бениҳоят арзишманданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати устувори худ дар заминаи ҳуқуқ ва тартибот, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва рушди низоми қонунгузорӣ, ислоҳоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва таҳкими амнияти ҷомеа заминаи боэътимоди суботи давлатро фароҳам оварданд. Зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ қудрат пайдо карданд, то манфиатҳои шаҳрвандонро боэътимод муҳофизат намоянд ва дар ҷомеа фазои эътимоду итминонро ба вуҷуд оваранд.

Маҳз бо ташаббусҳои Пешвои миллат суботи иҷтимоӣ, посдории урфу одатҳои миллӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа ба меъёри зиндагии мардум табдил ёфта, ба таҳкими ваҳдат, эҳсоси бехатарӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат намуд. Дар баробари ин, роҳбарияти давлат таваҷҷуҳи махсусро ба рушди инфрасохтор, роҳҳо, иртиботот, хизматрасониҳои давлатӣ ва таъмини волоияти қонун равона карда, шароити боэътимоди зиндагӣ ва рушди ҷомеаро таъмин сохт.

Бо заҳмат ва сиёсатҳои дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари устувор, боэътимод ва дорои мавқеи мусбат дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Мавқеи давлат дар минтақа ва ҷаҳон маҳз ба шарофати дипломатияи фаъоли Сарвари давлат ва нақши ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ устувор гардид. Тоҷикистон на танҳо ҳамчун кишвари амн барои сармоягузорӣ ва сайёҳӣ муаррифӣ мешавад, балки ҳамчун шарики боэътимод дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла амният, мубориза бо таҳдидҳо ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ, арзи вуҷуд мекунад.

Сиёсати Пешвои миллат боиси ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ гардид, ки мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким бахшид. Ҳамчунин, роҳбарии хирадмандонаи Пешво имконият дод, ки Тоҷикистон дар амнияти Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошта бошад ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ бо садои қавӣ баромад намояд.

Хулоса, ҳамаи ин дастовардҳо шаҳодати онанд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ низ тавонистааст фазои суботу эътимодро эҷод кунад. Барои нигоҳдорӣ ва таҳкими ин дастовардҳо зарур аст, ки ислоҳоти давомдор дар низоми ҳуқуқӣ ва судӣ амалӣ шаванд, истифодаи васеи технологияҳои муосир таъмин гардад, сиёсати дохилӣ ба таҳкими ваҳдату ҳамбастагии миллӣ равона бошад ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус дар соҳаҳои амният ва ҳуқуқи инсон густариш ёбад.

РУСТАМЗОД Салим – ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ