ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ: РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА ДАР МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ

(Дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Москави Федератсияи Русия, рӯзҳои 28-29 майи соли 2025)

Бо қаноатмандӣ ва шукргузорӣ изҳор медорем, ки дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо дастгирӣ ва пуштибонии амиқ аз сиёсати ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва истеҳсолӣ ноил гаштаанд.

Аз ҷумла, дар баробари дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар замони соҳибихтиёрӣ ба пешравиҳои назаррас комёб гашт. Дар натиҷаи амалисозии сиёсати сулҳҷӯёна ва бомароми хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҷониби 180 давлатҳои дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои устувори дипломатӣ ба роҳ мондааст. Бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати ташаббускори ҳалли як қатор масъалаҳои хусусияти глобалидошта эътироф шудааст.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Русия ҷойгоҳи хосса дорад.

Хотирнишон бояд сохт, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳанӯз 8 апрели соли 1992 барқарор шуда, Федератсияи Русия яке аз аввалинҳо шуда Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст. Айни замон заминаҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои ду кишварро беш аз 300 созишномаи байнидавлативу байниҳукуматие, ки ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳо ба танзим медароранд, ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Федератсияи Русия дар даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олии Роҳбарони ҳарду кишвар мазмуну моҳияти навро касб намуда, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарикии стратегиро касб намудаанд. Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши табодули мол, суръат бахшидан ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва коркарду истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданок, инчунин, рушди ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ ва фарҳангӣ, ки асоси муносибатҳои Тоҷикистону Русияро ташкил медиҳад, зимни ҳар як мулоқоту вохӯрии Сарони давлатҳо ва дигар роҳбарони воломақоми ҳарду давлат мавриди таваҷҷуҳ ва баррасии ҷиддӣ қарор мегиранд.

Дар ин замина, сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро рӯзҳои 28-29 майи соли 2025 ба Федератсияи Русия метавон яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистон дар самти тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои ду давлат арзёбӣ намуд. Бо дарназардошти авзои кунунии митақа ва ҷаҳон, инчунин вазъи зудтағйирёбандаву пешгӯинашавандаи сайёра сафари мазкур дар самти таҳкими бештари ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия афзалиятҳои стратегӣ дорад.

Дар ҳошияи сафари расмии мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москави Федератсияи Русия бо шахсони воломақоми ин кишвар, аз ҷумла Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Мотвиенко, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Вячеслав Володин мулоқот анҷом доданд. Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориии шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия барарсӣ шуданд.

Аз ҷумла зимни мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба масъалаҳои рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкории фаъол дар соҳаи маориф, омӯзиши забон ва тарғиби фарҳанги русӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла атрофи вазъияти ноустувор дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Президенти Федаратсияи Русия Владимрр Путин барои дастгириву таваҷҷуҳ дар амалӣ гардонидани ду лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе – бинои театри давлатии русии ба номи Маяковский ва Маркази кӯдакони болаёқати “Сириус” изҳори сипос намуданд.

Аснои вохӯрӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Мотвиенко ва Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Вячеслав Володин вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию истисодӣ ва саноат мавриди барарсӣ қарор дода шуда, ҷалби сармояи Русия барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо назардошти талаботи бозори истеъмолии Русия, ташаккули паркҳои саноатӣ бо маҳаллисозии истеҳсоли молҳо ва рушди инфрасохтори муоисири логистикӣ зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо ба тавсеи робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ, Шурои Федератсия ва Думаи давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори итминон карданд, ки ин робитаҳо барои ба зинаҳои баланд баровардани сатҳи шарикии бисёрҷонибаи ду давлат мусоидат менамояд. Дар ҷараёни мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилаи бисёрҷониба бо Русия, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, илмию техникӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Ҳамин тариқ таъкид месозем, ки сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 28-29 майи соли 2025 ба Федератсияи Русия дар густариши ҳамкориҳои стратегии ду кишвар як саҳифаи тозаеро боз намуда, барои тақвияти бештари робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Азиззода Убайдулло,

Маҳмудов Иззатулло,

устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ