Толори маҷлиси судӣ

Факултети хуқуқшиносӣ тамоми шароитҳои арзанда ҷиҳати аз худ кардани тамоми нозукиҳои касби ҳуқуқшиносӣ фароҳам оварда шудаанд. Толори маҷлиси судии таълимӣ як қадами ҷиддӣ дар роҳи боз ҳам ғанӣ гардонидани донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Толори махсуси таълимии судӣ дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз зерсохторҳо ба шумор меравад, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ғанӣ гардонидани малакаи амалии донишҷӯён ва тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқ нақши муҳим мебозад. Бо назардошти рушди рӯзафзуни ҷомеа ва талаботи замон, омӯзиши назариявии фанҳои ҳуқуқӣ бояд бо таҷрибаомӯзии амалии пайваста мутобиқат дошта бошад. Толори мазкур маҳз ба ҳамин ҳадаф – робитаи назария ва амалия – нигаронида шудааст.

Ин толор бо тамоми воситаҳои замонавии таълимӣ, аз ҷумла доскаи электронӣ, маводҳои оморӣ, қарорҳои судӣ, шабакаи интернет ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин буда, ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки раванди мурофиаи судиро ба таври воқеӣ таҷриба кунанд. Донишҷӯён дар доираи барномаҳои таълимӣ метавонанд ба ҳайси судя, прокурор, адвокат ва ҷонибҳои мурофиа дар муҳокимаҳои таълимӣ ширкат варзида, малакаи баромад дар суд, таҳлили ҳуқуқӣ ва санъати муоширати касбиро сайқал диҳанд.

Мусаллам аст, ки мутахассиси воқеии соҳаи ҳуқуқ бояд на танҳо дониши назариявии амиқ, балки маҳорати амалии баланд дошта бошад. Дар шароити кунунӣ, ки ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ дар Тоҷикистон вусъати бештар гирифтааст, таҷрибаи амалӣ ҳамчун пояи асосии омодасозии кадрҳо мавқеи муҳим дорад. Бинобар ин, ифтитоҳи чунин толор на танҳо як падидаи ҷолиби омӯзишӣ, балки иқдоми зарурӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳа мебошад.

Ҳамзамон, баргузории мурофиаҳои судии таълимӣ дар толор донишҷӯёнро водор месозад, ки бо масъулият ва ҷиддияти бештар ба омӯзиши фанҳо рӯ оваранд, зеро ҳар амале, ки онҳо дар раванди мурофиаи таълимӣ анҷом медиҳанд, натиҷаи омӯзиш ва сатҳи касбии онҳоро инъикос мекунад. Ин ҳолат ҳисси масъулиятшиносӣ, ахлоқи касбӣ ва рафтори мувофиқ бо мақоми ҳуқуқшиносро дар онҳо ташаккул медиҳад.

Бо назардошти ин ҳама, метавон гуфт, ки таъсиси толори таълимию судӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ ба сатҳи нав баровардани сифати таҳсилот мусоидат намуда, барои тарбияи ҳуқуқшиносони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир заминаи устувор мегузорад. Донишҷӯён аз чунин шароитҳои мусоиди таълимӣ бояд пурсамар истифода бурда, худро барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва хизмат ба давлату миллат омода намоянд.